Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише пойтахти Қазоқистонро такон дод


Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар ҳамин ҷо пораҳои ҷасади инсонро диданд
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар ҳамин ҷо пораҳои ҷасади инсонро диданд
Бар асари таркиши як мошини бомбгузоришуда дар назди бинои Хадамоти амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Остона ду нафар ҷон бохтаанд. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди таркиш мошин оташ гирифт ва дар маҳалли ҳодиса пораҳои бадани инсон дида мешуд. Аммо Канзгебулат Бекназаров, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, мошин дар назди боздоштгоҳи кумита оташ гирифтаасту халос. Ҳафтае пеш дар шаҳри Актбаи Қазоқистон як бомбмгузори маргталаб худро мунфаҷир кард ва ду роҳгузарро маҷрӯҳ намуд. Додситонҳои Қазоқистон ҳамлаварро як ҷиноякор номида ва гуфтанд, таркиш амали террористӣ набуд.
XS
SM
MD
LG