Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлони Тоҷикистон дар мусобиқаи кушода барои дарёфти ҷоми “Оянда ба ту бастагӣ дорад”, ки дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бора ба радиои "Озодӣ" хабар дод.

Вай афзуд: "Дар ин мусобиқа 22 дастаи хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо аз Русия ва ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ширкат дошт. Мусобиқа дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Дастаи мактаб-интернати ноҳияи Румӣ дар гурӯҳи хурдсолон дар бозии ниҳоӣ бар тими мактаб-интернати ба номи Д.И. Чагаеви Абхазистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар гурӯҳи бачаҳои калонсол дар бозии ниҳоӣ ду дастаи Русия - литсей-интернати рақами 3-и шаҳри Пенза ва хонаи бачагони Решетехински шаҳри Нижний Новгород рақобат карданд. Ин бозӣ низ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони навраси Пенза анҷом ёфт. Дастаи мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе ҷойи севумро азони худ кард."



Ба гуфтаи Шералӣ Давлатов футболбозони навраси Тоҷикистон ва Пенза бо ҷом ва ҷоизаи махсус сарфароз гаштанд. Онҳо тирамоҳи соли ҷорӣ ба Лондон сафар карда, меҳмони бошгоҳи машҳури футболи “Арсенал”-и Инглистон хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG