Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши башиддати қурби расмии рубли Беларус


Беларус эълон кард, ки ба хотири коҳиш додани фишор ба пули миллии ин кишвар қурби расмии рублашро беш аз 50 дарсади дигар пойин мебарад. Бонки миллии Беларус гуфт, аз рӯзи сешанбе як доллар 4930 рубл ва як евро 6914 рубл қурб хоҳад дошт. Мутаносибан қурби расмии доллар 56,3 дарсад ва қурби евро 53,1 дарсад болотар хоҳад шуд. Девалватсияи пули миллии Беларус дар ҳолест, ки доллар алакай дар биржа ба қимати аз 7400 то 8300 рубли Беларус ба фурӯш меравад.
XS
SM
MD
LG