Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 116 нафар бар асари торнадо дар Миссурӣ


Ҷоплин дар рӯзи ҳамлаи торнадо
Ҷоплин дар рӯзи ҳамлаи торнадо
Мақомоти аёлати Миссурии Амрико мегӯянд, бар асари торнадо дар шаҳри Ҷоплин дастикам 116 нафар ҳалок ва садҳо тан захмӣ шудаанд. Ҳамлаи рӯзи якшанбеи гирдбоди торнадо ба ин шаҳрак, ки ҳамагӣ зери 50 000 аҳолӣ дорад, пурқурбонитарин ҳамлаи торнадо дар 58 соли ахири Амрико дониста мешавад. Торнадое, ки паҳнояш беш аз 1 километр баровард мешуд, чандин маҳалларо бакуллӣ ба хок афканд, ҳазорон манзилу дӯконро тахриб кард ва ҳатто боми бемористонро канд.
Аз моҳи апрел ба ин сӯ бар асари ин навъи офати табиӣ дар 7 аёлати Амрико беш аз 300 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG