Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримоти сангинтари ИА алайҳи Сурия ва Эрон


Асад дигар ба Аврупо рафта наметавонад

Асад дигар ба Аврупо рафта наметавонад

ИА бо эъмоли таҳримоти сангинтар алайҳи Сурия таъқиби идомадори тазоҳургаронро дар ин кишвар шадидан маҳкум кард. Вазирони хориҷии ИА дар нишасти Брюссел ҷиҳати ба феҳрасти сиёҳ ворид кардани чанд мақоми Сурия, бо шумули раиси он ҷумҳурӣ Башшор Асад, тавофуқ карданд. Ин рӯйхат афродеро дар бар мегирад, ки суратҳисобҳои бонкиашон дар ҳудуди ИА баста шуда, ба онҳо раводиди сафар низ дода намешавад. Дар нишасти Брюссел ҳамчунин дар вокуниш ба адами пешрафт дар музокироти барномаҳои ҳастаии Эрон тавофуқ шуд, ки ҳудуди 100 муассисаи дигари Эрон низ таҳти таҳримоти ИА гузошта шаванд.
XS
SM
MD
LG