Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва ҳамсараш Мишел дар пайи боздид аз Ирландия шоми душанбе, як рӯз пеш аз вақти таъйиншуда вориди Лондон шуданд. Далели чунин шитоб пешгирӣ аз имкони тавқифи парвозҳо ба иллати баланд шудани абри дуд аз вулқони Гримшвотни Исландия будааст. Бритониё баъд аз Ирландия нуқтаи дуввуми силсиласафари Обама ба Аврупост ва қарор буд, ҳавопаймои ӯ шоми имрӯз ба Лондон бирасад, вале тахминҳо дар бораи эҳтимоли ба ҳарими ҳавоии Бритониё паҳн шудани дуди вулқон ва таъсири сӯъи он ба анҷоми парвозҳо боис шуд, ки соати ин парвоз бознигарӣ шавад. Ба далели баланд шудани дуди ин вулқон алакай чандин парвоз ба самти Шотландия мутаваққиф шудааст.
Обама дар пайи дидори Бритониё дар нишасти сарони гурӯҳи Ҷӣ8 дар Фаронса ширкат варзида, сипас ба Лаҳистон хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG