Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанду Хоруғу Ғарм борон хоҳад борид


Бино ба пешбинии ҳавошиносон, ҳарорати ҳаво имрӯз дар Душанбе 32 дараҷа, дар Хуҷанд – 33, дар Кӯлоб - 34 ва дар Қӯрғонтеппа то 37 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар Хоруғ, интизор меравад, ҳаво то 12 дараҷа ва дар Ғарм то 19 дараҷа гарм шавад. Аммо бо вуҷуди чунин ҳавои назар ба рӯзҳои гузашта гармтар ба истиснои Кӯлоб дар боқӣ манотиқи Тоҷикистон имрӯз, 23 май, ҳавои нисбатан абрӣ дар назар дошта шуда, интизор меравад, дар Хуҷанду Хоруғ ва Ғарм ҳатто борони кӯтоҳ биборад.
XS
SM
MD
LG