Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримҳои Беларусро тавсеа дод


Карл Билдт
Карл Билдт
Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки таҳримҳои зидди ҳукумати Беларус юорикардааш дар заминаи саркӯби мухолифони ҳукуматро боз ҳам тавсеа диҳад. Дар нишасти вазирони хориҷаи ин ниҳод қарор шуд, ки ба феҳрасти 170 мақомоти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла президент Лукашенка, ки ҳақи сафарашон маҳдуд ва дороиҳояшон масдуд мешавад, исми 13 нафари дигарро ворид кунанд. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон вазири хориҷаи Шветсия Карл Билдт гуфт:

“Дар Минск, ки дар қораи Аврупо ҷойгир аст, муҳокимаҳои сиёсии додгоҳӣ ҷараён дошта ҳукмҳои сиёсие содир мешаванд, ки табиати онҳо аслан ғайри қобили қабул аст. Ин маънои онро дорад, ки тадбирҳои баъдӣ гирифта хоҳанд шуд. Инчунин мо шоҳиди бӯҳрони молӣ ҳастем, ки метавонад боиси шикасти молии Минск шавад. Аз ин хотир, онҷо як ҳолати фоҷеабор ба миён омадааст”.

Тасмими мазкур дар вокуниш ба маҳкумияти ахири чанд намояндаи мухолифин дар Беларус гирифта шуд, ки дар байни онҳо як номзади интихоботи ахири президентӣ Андрей Санников низ мебошад, ки ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG