Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримҳои Сурияву Эронро шадидтар кард


Иттиҳодияи Аврупо Сурияро барои саркӯби шадидлаҳни эътирозҳо маҳкум карда, таҳримҳои зидди ин кишварро ташдид кард. Дар нишасти вазирони умури хориҷаи аврупоӣ дар Брюссел чанд мақоми баландпояи Сурия, аз ҷумла президент Башор Асад ба феҳрасти нафароне шомил шуданд, ки сафар ва дороиҳояшон масдуд мешавад.

Вазирон инчунин ба мувофиқа расиданд, ки таҳримҳои зидди Эронро тавсеа дода бо ин роҳ ноумедиву хастагии худро аз адами пешрафт дар музокироти марбут ба барномаи ҳастаии ин кишвар баён карданд. Дар масъалаи Ховари Миёна вазирон аз пешниҳоди президенти Амрико Барак Обама пуштибонӣ карданд, ки даъват кардааст, созишномаи сулҳи миёни Фаластин ва Исроил бар пояи ҳудудҳои марзии соли 1967 баста шавад.

Онҳо инчунин ба баргузории музокироти гурӯҳи чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна даъват карданд.
Мавзӯи баъдии баррасии нишасти дурӯзаи вазизори аврупоӣ дар Брюссел вазъи имрӯзаи Либия мебошад.
XS
SM
MD
LG