Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи парчами ҷамоати "Ансоруллоҳ» ҳини амалиёт алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло дар Рашт, гумонҳо дар бораи мавҷудияти ин созмонро ба яқин расонидаст.

Ва даъвои ин гурӯҳ дар бораи даст доштанаш дар таркиши 3-юми сентябр дар Хуҷандро тақвият медиҳад.

МУЛЛО АМРИДДИН КИСТ?

Тахмин мерафт, ки худи Мулло Абдулло сарварии ин гурӯҳро ба зимма дошт, аммо ба қавли мақомоти Тоҷикистон, ӯ танҳо фармондеҳе беш набудааст. Ва дар посух ба суоли мо - «сарвари «Ҷамоати Ансоруллоҳ» кист?» як манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ин нафар Мулло Амриддин аст.



Ҳамсӯҳбатони мо аз собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони Тоҷикистон мегӯянд, Мулло Амриддин, ҳудуди 60 сол дорад ва зодаи деҳаи Ғуломони ноҳияи Нуробод буда, танҳо як сол дар ҳайати Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар Афғонистон будааст. Ин ҳаракат дар Афғонистон соли 1992 таъсис ёфта, тамоми ҳизбу гурӯҳҳои мухолифи ҳукуматро дарбар
Зубайдуллоҳи Розиқ

мегирифт ва дар пайи имзои Созишномаи сулҳ фаъолияташро қатъ кард.

Зубайдуллоҳи Розиқ, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бо Мулло Амриддин баҳори соли 1997 дар Теҳрон мулоқот доштааст, ӯро як шахси тақводору баинсоф ва ошкоргӯй ба ёд меорад, ки новобаста ба мавқеи ҳамсӯҳбаташ, ақидаашро фош мегуфт ва ибо намекард.

БЕРУН АЗ ХАТТИ НАҲЗАТ

Вай афзуд, аммо замоне, ки дар Покистон ба сар мебурд, бо ҷомиаҳои дигар робита пайдо кард ва аз раванди сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон низ чандон розӣ набуд: «Аз мактаби устод Нурӣ, аз хатти наҳзат берун рафтанд. Масалан, як ҷамоа буд бо номи «Ҷамоати такфир». Инҳо гурӯҳе ҳастанд, ки барои андак лағжиш ё рафтори ғайриисломӣ, зуд ҳукм ба «куфр» мекунанд. Ман эҳсос мекардам, ки он кас зери таъсири ҳамонҳо рафтаанд. Бо демократияву давлати дунявиву дигар чизҳо созиш карданро қабул надоштанд. Далелҳои худашонро меоварданд. Ба назарам, нуктаи аслии мухолифаташон бо устод ва ҳизб ҳамин буд.»

МУХОЛИФАТ БО РИЗВОН

Саидумар Ҳусайнӣ, аз роҳбарони вақти Ҳаракати наҳзати исломӣ ва ҳоло узви парлумони Тоҷикистон мегӯяд, далели аслии мухолифатҳои Мулло Амриддин бо раҳбарони ИНОТ, Ризвон Содиров буд. Вай афзуд, Мулло Амриддин шахсан бо Ризвон хусумат дошт ва аз Саид Абдуллоҳи Нурӣ мехост, ки ӯро қабул накунад: «Як сол дар Афғонистон буд, аммо вақте ба Покистон ба хотири Ризвон қаҳр карда рафт, ҳар табаддулоти фикрие, ки дар сари ӯ шуд, ҳамон вақт шуд. Ӯ дар Покистон бо аҳли оила бисёр вазъи хароб дошт. Манзиле дошт, ки дар зистан умуман имконнопазир буд. Аммо даъватҳои моро дигар қабул накард. Бо ҳамин ӯ дигарбора ба сафҳои мо барнагашт.»

Оқои Ҳусайнӣ, ки солҳои 1995-1996 шахсан ба манзили Мулло Амриддин
Cаидумар Ҳусайнӣ

дар минтақаи Бабуи наздики шаҳри Пешовари Покистон рафтааст, мегӯяд, он замон ӯ саргарми ақидаҳои «Ҷамоати такфир» буд ва дар баробари номи раҳбарони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон алфози қабеҳ, аз ҷумла «кофир»-ро зикр мекард. Вай афзуд, соли 1998 ҳангоми яке аз амалиёти ҳукумати Покистон алайҳи «Ҷамоати такфир», фарзанди Мулло Амриддин ҳам кушта шудааст.

АЗ МИСР ТО АФҒОНИСТОНУ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, роҳи Мулло Амриддин ба Афғонистону Покистон мустақим аз Душанбе набудааст. Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ, ӯ барои таҳсил ба Миср рафт ва соли 1993 ба Афғонистон омада, ба Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон пайваст. Пас аз ихтилоф бо раҳбарони ИНОТ ба Покистон рафта, соли 1997 бо кӯшишҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Теҳрон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон оварда мешавад. Аммо соли 1999 дар пайи як ихтилоф бо Зубайд ном қумондони мухолифон аз Нуробод, дигарбора бо роҳҳои расмӣ ба Покистон бармегардад.

ДАР САТҲИ БОЛОИ РАҲБАРИИ АЛ-ҚОИДА?

Аммо расонаҳо аз қавли мақомот менависанд, ки ӯ бо ҳамроҳии Мулло Абдулло ба гурӯҳи Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон пайваста, соли 2000 ҳудуди Тоҷикистонро тарк кардааст.
Абдулло Раҳимов, муллақаб ба мулло Абдулло

Бино ба ин манобеъ, дар Покистон Мулло Амриддин ба созмони «Ал-Қоида» пайваста, аз рӯи рутба болотар аз раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Одил Усмон ва ҳатто на камтар аз Мулло Умар, раҳбари Толибон эътибор дорад.

Амруллои Собир, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, дар Афғонистон ҳангоми ҳукумати Толибон ӯ ҳамоҳангсози «Ал-Қоида» дар умури Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Чин таъйин мешавад: «Нуфузи ӯ дар байни Толибону Ал-Қоида ҳам хеле баланд буд ва ҳатто (баъд аз марги Усома бин Лодин) ба мақоми раҳбарии Ал-Қоида номзад пешниҳод шудааст. Ҳоло дар Покистон аст. Гурӯҳҳое, ки ба Тоҷикистон меоянду ҳастанд - гурӯҳҳои Алии Бедакиву Мулло Абдуллоҳ, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, исломиёни Қафқоз ҳамагӣ тариқи Мулло Амриддин сарпарастии молиявӣ медиданду мебинанд.»

ПАЙОМАДИ ФАЪОЛИЯТҲОИ "АНСОРУЛЛОҲ" ЧИСТ?

Оқои Собир афзуд, «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро Мулло Абдулло сарварӣ мекард ва он аз гурӯҳҳое иборат аст, ки дар дохили хоки Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва ҷузъе аз масъулиятҳои Мулло Амриддин ҳастанд. Тибқи манобеъи дигар, ҳамчунин соли 2009, ӯ қаноти тоҷикии «Ал-Қоида» - «Ҷамоати Ансоруллоҳ» - ро ба вуҷуд овардааст.

Ба қавли коршиносон, то мавҷудияти Мулло Абдулло ва дигар сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, чеҳраи Мулло Амриддин, бо вуҷуди аҳамияти байнулмилалӣ доштанаш паси парда қарор дошт ва ҳоло рӯ зад. Акнун натиҷаи фаъолиятҳои ӯ барои Тоҷикистону минтақа чӣ паёмад хоҳад овард, суоли фардост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG