Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Русия аз созиши Ҳамосу Фатҳ


Мулоқоти Лавров бо ҳайати фаластинӣ дар Маскав
Мулоқоти Лавров бо ҳайати фаластинӣ дар Маскав
Вазири умури хориҷаи Русия созишномаи сулҳи миёни ду рақиби сиёсии фаластинӣ – Ҳамос ва Фатҳро истиқбол кард. Сергей Лавров имрӯз баъди музокироти имрӯзааш бо намояндагони ҳарду гурӯҳ дар Маскав имрӯз гуфт, ки созиши ҳосилшуда “таърихӣ” буда барои дастёбӣ ба сулҳи Ховари Миёна мусоидат хоҳад кард.

Ӯ афзуд, ки намояндагони ин гурӯҳҳо барои ташреҳи созиши рӯзи 4 маи Қоҳираашон як изҳороти наве имзо карданд. Исроил, ки Ҳамосро як созмони террористӣ медонад, гуфтааст, ки дар сурати шомили ҳукумат шудани Ҳамос бо Фаластин музокира нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG