Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши маргталабе дар Афғонистон


Таркиши як маргталаб дар бозори марказии маҳаллаи Алишинги вилояти Лағмони Афғонистон чаҳор нафарро кушта ва 14 танро захмӣ бар ҷой гузошт. Сухангӯи волӣ гуфт, ки ҳама қурбониҳо афроди мулкӣ буда ҳанӯз дар бораи ҳадафи аслии ҳамлагар иттилое дар даст нест. Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG