Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз Ирландия боздид мекунад


гуфтугӯи Обама ва МакАлис

гуфтугӯи Обама ва МакАлис

Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама сафари чаҳоррӯзаашро ба Аврупо аз Ирландия шурӯъ кард. Баъди расидан ба пойтахт - шаҳри Дублин Обамаву ҳамсараш Мишел бо раиси ҷумҳурии Ирландия Мерӣ МакАлис ва нахуствазир Энда Кеннӣ дидору мулоқоте анҷом доданд.

Яке аз муҳимтарин нуқтаҳои боздиди онҳо рустои Мониголл мешавад, ки маҳалли зисти яке аз бобокалонҳои модарии президенти Амрико ба ҳисоб меравад. Падари Обама табааи Кения буда, модараш решаҳои ирландиву амрикоӣ дорад.

Қарор аст, имрӯз дар ҷараёни суханрониаш дар Ирландия Обама роҷеъ ба равобити Амрикову ин кишвар суханронӣ кунад.
Дар пайи ин сафар, рӯзи сешанбе ӯ ба Бритониё рафта, меҳмони малика Елизавета мешавад. Дар Фаронса шоми сешанбе ӯ дар нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи G-8 шуда, баъдан бо боздиди Полша силсиласафари аврупоии худро хотима медиҳад.
XS
SM
MD
LG