Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз ихтироъҳои пешниҳодӣ дар намоишгоҳ-озмуни «Технологияи сарфаи барқ ва коркарди ашёи пасмонда», маҳсули халлоқияти донишҷӯён ва мактабхонҳои суғдӣ буд.

Намоишгоҳи мазкур дар институти металлургияи кӯҳии шаҳри Чкалов сурат гирифт ва 47 ихтироъ аз сӯи корхонаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯёну мактабхонҳо муаррифӣ гардид.Дар ин озмун ҷавонон бо чӣ навгониҳое дар намоиш иштирок намуданд ?

БАРҚ АЗ ОБИ ШӮР ВА ВАСЛИ АВТОМАТИКИИ ХАТҲОИ БАРҚ...

Нерӯгоҳи хурди обӣ, васлгари автоматии шабакаҳои барқ, маркази гармидиҳӣ бо сӯхти пасмондаҳо ...

Ҳамин гуна ихтироъҳои донишҷӯёну мактабхонҳои суғдӣ дар намоишгоҳи Чкалов аён месохт, ки имрӯзҳо ҷомеаи Тоҷикистон ба чӣ гуна навгониҳои техникӣ ниёз дорад. Ва зеҳни наврасону ҷавононро офаридани асбобу дастгоҳҳои муҳим барои ҳалли мушкилоти умдаи ҷомеа таҳрик медиҳад.

Баҳодур Ғайбуллоев, донишҷӯи филиали Институти политехникии

Тоҷикистон дар Хуҷанд дар бораи дастгоҳи ба намоиш гузоштаи худ мегӯяд: «Ин дастгоҳ «танзимгари автоматикии хатҳои барқ» ном дорад. Вақти қатъи интиқоли барқ, аз як хат манзил ё корхонаро ба таври автоматикӣ ба хати эҳтиётии дуюм васл мекунад. Маълум, ки имрӯзҳо бархе аз сокинон ва корхонаҳо аз ду шабакаи нерӯи барқ истифода мекунанд ва ҳангоми хомӯш шудан, як шабакаи онро ба таври дастӣ ба шабакаи эҳтиётии худ пайваст мекунанд. Дастгоҳи мо кори онҳоро сабук ва бехатар мекунад. Чунки мабодо ҳар ду шабака пайваст бошаду нерӯи барқ баробар интиқол ёбад, асбобҳои барқиву хати барқ сӯхта, сӯхтор сар заданаш мумкин аст.»

Танзимгари автоматики хатҳои барқ воқеан дастгоҳи хуб ва зарурӣ аст, аммо калону мураккаб ва нархаш хеле гарон-ҳудуди 200 доллари амрикоӣ.

ЧАРО БАРОИ МАНЗИЛУ МАКТАБИ ХУД ЧИЗЕ НАСОЗЕМ?

Аммо баракси ин, офаридаи Нилуфар Оқилҷонова, толибаи синфи 8-и мактаби ба номи Гёте дар Хуҷанд хеле содда аст ва тақрибан бехарҷ. Вай бо корбурди дониши аз фанни физика омӯхтааш, ба намоиш гузошт, ки метавон танҳо аз се стакан оби шӯр, бо гузоштани ноқилҳо, нерӯи барқ

гирифт. Нилуфар гуфт: «Ин корро ҳама метавонанд дар хона таҷриба кунанд. Барои ин чор сими борики мисин ва се пиёла оби шӯр даркор аст. Як нӯги 3 сими мусбати «фолга» - пӯш ва яке-кушодро ба оби шӯр ворид мекунем, тамом.»

Нилуфар ба ин тарзи оддӣ дар хона соати садобарорашонро ба кор медаровардааст. Нилуфар ба ин пурсиш, ки чаро сокинон вақти «лимити барқ» аз ин роҳи оддӣ барои равшан кардани манзилу фаъол кардани мисли соат асбобҳои хурд истифода намекунанд, мегӯяд: «Шояд барои одамон васлкунакро ба шабакаи умумӣ пайваст кардан осонтар аст. Ё шояд, инро намедонанд.»

Ҳамин тавр, Ислом Мирзоев, талабаи синфи 9-уми гимназияи рақами 2-и шаҳри Чкалов бо муаллимаи фанни физикааш макети маркази ягонаи гармидиҳиро, ки бо пасмондаи ашёи сӯзанда ва пластик кор карда, 30 дар сад гармиро сарфа мекунад, пешниҳод карда буданд.

Хурдтарин иштироккунандаи намоишгоҳи ихтироъкорон Абдулҳаким Ҳакимов, талабаи синфи 6-уми мактаби хусусии ба номи Аҳмади Дониш аз шаҳри Хуҷанд бо макети кӯчаки нерӯгоҳи барқӣ ҳозир шуда буд. Ва шояд бо саволе ҳам дар зеҳн, ки чаро калонсолон чунин нерӯгоҳҳоро кам месозанд ?

ЧАРО ОФАРИДАҲО БА ИСТЕҲСОЛОТ РОҲ НАМЕЁБАД?

Аммо як саволи умдаи матраҳ аз ҷониби иштирокдорони намоишгоҳи ихтироъкорон ин буд, ки оё роҳи сохтаву офаридаҳои ҷавонон баъд аз намоиш то куҷост? Оё метавонад то истеҳсолот роҳ ёбад?

Дар ин бора Аброр Мирсаидов – иқтисодшинос, муовини ректори донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт: «Барои ин бояд низоми иқтисодии ҷомеа такмил ёбад ва ҳамин

гуна навгониҳоро ҷӯяд. Навгонӣ ё инноватсия дар ҷомеаи мо танҳо ба маънии ихтироъи технологияи навини замонавӣ нест, балки ҳар чизи нав ва барои истифодаи оммавӣ аст. Акнун ҳар корхонаи мо бояд ба масъалаи рушди воқеии иқтисодиёт аҳамият диҳанд, на ба тиҷорату тарбияти тафаккури тоҷирӣ. Балки ба тафаккури созандагиву истеҳсолӣ, яъне як чизи нав сохтану истеҳсол кардан.»

Ба андешаи доктори улуми иқтисодӣ Аброр Мирсаидов, замони «сохтану истеҳсол кардан», ҷомеаи Тоҷикистон ба тозакориҳои илмиву техникии ҷавонон беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад. Аммо зимни як чизи нав сохтан, ҷиҳатҳои нафъоварӣ ва бо хароҷоти кам истеҳсол кардани он аз шартҳои муқаддамотӣ аст. Чизе, ки ба назари оқои Мирсаидов, умдатан аз назари ихтироъкорони ҷавон берун мондааст. Ва ё бо имконоти танге, ки доранд, натавонистаанд дар ин роҳ низ муваффақ гарданд. Ба ҳар ҳол, сохтаву офаридаҳои ихтироъкорони ҷавон аз он нигоҳ, ки бо чӣ шавқу завқе нерӯи офаринандаи худро ба кор андохтаанд, ҷолиби таваҷҷуҳ аст.

Вале ба сурати умум, сохтаву офаридаҳои ҷавонон ва ҳамин тавр ихтироъкорони ҳирфаии тоҷикро умдатан роҳе то намоишу озмунҳо ва тақдир бо ҷоизаҳо насиб мешавад. Сипас… фаромӯшӣ.
XS
SM
MD
LG