Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳиди ҳодисае будам, ки сарнавишти Лайливу Маҷнуни афсонавиро ба ёдам овард.

Шояд ҳоло кам касоне бовар кунанд, ки дар замони мо низ афроде ёфт мешаванд, ки сарнавишт ва хуву ахлоқашон ҳамсони қаҳрамонони ривояту қиссаҳои бостонӣ ва ҳатто аҷибтар аз онҳо бошад. Ман ҳам ҳамин гуна фикр мекардам, аммо то вақте ки бо ин ду ҷавони ҳамасру ҳамзамони худ вонахӯрдам. Ин ҳодиса ду соли пеш ва дар ҳамин айёми баҳор, вақти шукуфтанҳову рангбозиҳои табиат иттифоқ афтода буд.

Якеро Наргису дигариро Муҳаммад ном буд. Наргисро аз донишгоҳ барои таҷрибаомӯзӣ ба Эрон фиристоданд. Наргис як духтараки одӣ буду аз дигарон аз ҷиҳати ҳусну ҷамол чандон фарқе надошт. Ин аз як ҷиҳат то надозае мояи осудагии қалби модар низ буд, ки шояд касе ба духтари ӯ аҳамият надиҳаду тинҷу оромакак таҳсилашро дар кишвари хориҷӣ анҷом дода баргардад. Вале Муҳаммад дар қиёс бо Наргис ҷавони қоматбаланду қавипайкар буда, чашму абрӯвони зебое дошту ҳар духтаре шояд орзуи қариниро бо ӯ дар дил мепарварид.

Вохӯрии нахустини ин ду ҷавон дар рӯзҳои охири таҳсили Наргис ва тасодуфан сурат гирифт. Муҳаммад низ мисли Наргис барои омӯзиши таҷриба аз Арабистони Саудӣ ба Эрон омада буд. Ҷавон худ зодаву муқими Саудия бошад ҳам, гузаштагонаш тоҷик буда, солҳои тазйиқ ё ба таъбири маъмул “репрессия” аз Хатлонзамин ба Арабистон фирор кардаанд.

Дар миёни садҳо нафар ҷавондухтарон, ки аз чандин кишвари ҷаҳон дар Эрон таҳсили илм мекарданд, чашми Муҳаммад ба Наргис афтоду ошиқ шуд.

То баргаштани Наргис ба Ватан рӯзҳои башумор монда буду дили Муҳаммадро ба масал гургҳо тала доштанд. Бо чандин баҳона ба дидорбинии Наргис меомад. Вале Наргис аз ӯ дурӣ меҷусту ҳушу ёдаш банди таҳсилу таҷрибаомӯзӣ буд, чунки падару модари Наргис, ки худ аҳли илму фарҳанганд, ӯро насиҳат карда буданд, ки мабодо сар аз омӯзиш бикашаду шефтаи ширингӯии ҷавонони булҳавас гашта, обрӯи онҳоро ба замин занад.

То парвози ҳавопаймои хатсайри Машҳад -- Душанбе дақиқаҳои каме боқӣ монда буд. Духтарони ҳамсабақ ва чанде аз устодон ба гусели Наргис омада буданд. Ҳамин вақт Муҳаммад, ки гулдастаи калоне дар даст дошт, давида ба ҳалқаи дугонаҳои Наргис наздик шуд. Дугонаҳо каме худро дуртар гирифтанд. Муҳаммад гулдастаро ба Наргис дароз карду аз ҷайб ангуштариеро, ки бо тило ва сангҳои қимматбаҳо оро ёфта буд, ба Наргис дароз кард ва гуфт, «ман бо волидонам маслиҳат кардам ва модарам ин ангуштариро барои ту фиристод.»

Наргис, ки интизори ин гуна ранг гирифтани кор ва умуман ба гуселаш омадани Муҳаммад набуд, даступо хӯрд ва гулдаставу ангуштариро нагирифт ва гуфт, «охир мо ҳамдигарро қариб, ки намешиносем, чаро ман ин тӯҳфаи қимматбаҳоро аз ту бояд бигирам?» Муҳаммад аз ин ҳарфи Наргис озурдахотир, ангуштариро ба ҷайбаш андохту гуфт, «ман ҳатман дунболат хоҳам омад.» Он лаҳза Наргис ин ҳарфи Муҳаммадро як ҳазён пиндошта буд.

Наргис ба Душанбе баргашт ва машғули кору бори худ буду Муҳаммад ба ҷуз номи кишвари Наргис -- Тоҷикистон, пойтахташ Душанбе, маълумоти дигаре дар бораи дилдодааш надошт.

Миёнаҳои моҳи май буд, ки телефони хонаи Наргис занг заду модараш гӯширо гирифт. Модари Наргис кӯтоҳ ҷавоб дод, ки ӯ дар хонаи холааш аст. Вале холаи Наргис якбора ба сари Муҳаммад бонг зада «Наргис шавҳар карда ба Маскав рафтааст. Ту дигар ӯро накоб, фаҳмидӣ!» -- гуфт.

Ҳачанд ин посуху бархӯрди холаи Наргис чун боди сарде қалбашро такон дод, вале бовар накард ва ҷустуҷӯи Наргисро идома дод. Ниҳоят онҳо дар Душанбешаҳр ҳамдигарро ёфтанд ва мулоқот таъйин карданд.

Шодии Муҳаммадро ҳадду канор набуд, ки баъд аз мушкилиҳои зиёди коғазу коғазбозиҳо дар роҳи пайдо кардани иҷозаи сафари Тоҷикистон, аз кадом ҳамсабақони Наргис дарёфтани суроға ва рақами телефони ӯ ва ҳарфҳои носазои бархе аз ақрабои худу Наргис, онҳо ҳамдигарро ёфтанду соати дидор наздик аст.

Онҳо маслиҳат карданд, ки дар хиёбони марказӣ во мехӯранд. Боз ҳам Муҳаммад дастагули зебое дар дар даст дошт ва баъди дидор гуфт, ки вай бояд ба хонаи онҳо рафтаву хостгории Наргисро кунад ва тибқи одати мардуми араб, ба дасти арӯсаш ангуштарӣ пӯшонад. Наргис, ки якравиву талошҳои Муҳаммадро дар роҳи пайдо кардани вай, нишонаи аслии муҳаббати пок дониста буд, розӣ буд, ки худи ҳамин рӯз рафта дуои падарро бигиранд.

Онҳо ғарқи сӯҳбатҳои ширину шодиву фараҳи беандоза аз гузаргоҳи роҳи калони мошингузари пойтахт мегузаштанд, ки ҳамин вақт мошини хориҷии сиёҳшишае, ки бо шаст меомад, Муҳаммадро аз по афтонд ва наистода, ҳамон тавр бошаст аз назарҳо ғоиб шуд.

Мардуми роҳгузар Муҳаммади оғуштаи хунро ба беморхонаи Қарияи Боло бурданд. Ӯ танҳо номи Наргисро ба забон меоварду ӯро меҷуст. Наргис, ки дар ҳолати тарсу зарбаи шадиди равонӣ қарор дошт, бо азобе ба хонаашон расиду ба пайвандонаш дар бораи ин ҳодиса лаб накушод.

Бо кӯмаки сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе Муҳаммадро ба ватанаш бурданд. Аз он ки сари вай зарбаи сахт хӯрдаву ба саратон печида буд, баъди ду ҷарроҳӣ дар Олмон ҳам, аҳволаш беҳӣ наёфт ва номи Наргис дар лаб, симои ӯ пеши чашм ва бо сад орзуи ношикаста дунёро падруд гуфт.

Баъдтар овозае паҳн шуд, мошине, ки ин ошиқи ноком ва ин ҷавони ормониро аз по фикандаву баҳори умрашро хазонзада кард, аз писари кадом як мансабдори калон будааст, ки на тафтишоте сурат гирифту на касе ҷазо дид.

Ин буд ниҳояти қиссаи ду дилдода ва сарнавишти Маҷнуне, ки дар ҷустуҷӯи Лайлии худ на биёбонро манзил кард, балки ба ватани маҳбубаи худ омад, вале ба ҷои васли ҷонон, марги бемаҳалу фоҷиабори худро ёфт.

Чаро ман дар лобалои ин қисса аз Лайливу Маҷнун ёд кардам? Чунки аз дафтари хотираи Муҳаммад ва номаҳое, ки дар рӯи тахтаи бемористонҳо барои Наргис навиштааст, рӯшан гашт, ки Муҳаммад ишқи Наргисро ҳадя ва неъмати Худо медонисту ишқашро ба ин духтараки оддии ҳаммаслакаш, ҳамсони ишқи Лайлӣ медонист ва мегуфт, ӯ тавассути ин ишқи заминӣ ба худо расидааст. Ӯро низ мисли Маҷнун волидон маҷбур мекарданд, ки аз ишқи Наргис, ки дар ҳусн аз камтарин духтарони араб ҳам поинтар буд, даст бикашад. Вале Муҳаммад мисли Маҷнун ба онҳо мегуфт, «Лайлиро бояд бо чашми Маҷнун дид.»

Ман ҳамин ҷо мехостам ба ин қисса нуқта гузорам, вале ин байти зебо мегӯяд, беҳтар аст, ки он ин корро ба ҷои ман анҷом диҳад:

Як шабе Маҷнун ба хилватгоҳи роз,
Гуфт, эй парвардигори бениёз,
Номам аз баҳри чӣ Маҷнун кардаӣ,
Дар ғами Лайлӣ дилам хун кардаӣ.
Мебарӣ шабҳо ба гардун нолишам,
Кардӣ аз хори мағелон болишам.
Отифе гуфташ, ки эй марди ғариб,
Аз муҳаббат кардамат ин ғам насиб,
Айби Лайлӣ нест, ин кори ман аст,
Ҳусни хубон, акси дидори ман аст.

Нисо Мавлонназарова, сокини шаҳри Душанбе.

Масъули бахш: Сафаргул Олимӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG