Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Сулаймон, дигар наё!»


Момаи Соҷида дар сӯзи дидори фарзанди муҳоҷираш даргузашт.

Момаи Соҷида дар сӯзи дидори фарзанди муҳоҷираш даргузашт.

«Сулаймон, дигар наё!» Чанд моҳ пеш ё чанд сол пеш бояд, ин ҷумла дигар хел навишта мешуд.
Бояд менавиштам, ки «Сулаймон, биё!» ва орзуи охирини момаи Соҷида, хушдомани хоҳарбузургамро, ки 20 сол дар интизори фарзандаш буд, бароварда месохтам.

«Бачам, дар ҳаму интернатут (интернетро дар назар дошт) бнавис, ки биёяд. Бнавис, ки очат касалай, мембра. Бнавис, ки ма ӯра шир дода будам, на заҳр. Бнавис, ки Тоҷикистон тинҷай, як бор бия бинумуш, беармон бимрам. Бнавис, мумкин бия, ки ба телефон наомад…».

Бо шунидани хабари марги ӯ ин ҳарфҳо нонавишта монд. Ҳамеша, ҳар гоҳе ба дидорбинӣ мерафтам, аксе дар даст, аз фарзандаш Сулаймон сӯҳбат мекард. Гоҳе шодӣ мекард, ки тирамоҳ ё баҳор меояд, аммо як соли ахир умедашро канда буд: «Дигар ӯ намеояд ва ман мемирам.»

Ӯ марги худро бидуни дидори фарзанд фоҷиа медонист. Фоҷиае, ки ахиран ба ҳақиқат пайваст ва ӯ орзуи лаҳзаи дидори фарзандро бо худ ба хок бурд. Шаби охирини зиндагӣ, ки дигар касеро намешинохтааст, ба ҷуз аз Сулаймон ҳарфе нагуфтааст.

Ҳатто об ҳам нахостааст, ки маъмулан инсонҳо ҳангоми марг об мегӯянд. Борҳо шунидаам, ки инсонҳо ҳангоми марг модар мегӯянд, аммо кам аст, модаре, ки дар орзуи дидори рӯи фарзанд бимирад.
Чӣ қадар азиз будани фарзанд барои волидайнро аз орзуҳои ин модар медидам: «Шукр, пул равон мекунад, аммо хок дар сари пули фарзанде, ки худашро намебинӣ.»

Сулаймон, фарзанди ин модар аз деҳаи Бештигирмони ноҳияи Кӯлоб дар Ростови лаби Дони Русия хизмат карда, ҳамон ҷо оиладор шуд. Пас аз хидмати артиш ҳамроҳи ҳамсари русаш ба Тоҷикистон омад, вале дар соли 1991 ба Русия рафта, то кунун барнагаштааст.

Пеш аз ин дар марги бародараш низ ҳузур пайдо накард, ҳарчанд, сӯҳбатҳои телефониашро қатъ нанамуда буд.

Наметавонам, Сулаймонро ба бемеҳрӣ муттаҳам кунам, зеро намедонам сабаби аслии дигар ба Тоҷикистон омаданаш дар чист. Аммо ҳаминро метавонам бигӯям, ки Сулаймон дигар наё, зеро ягона нафаре, ки туро дар ватан интизор буд, акнун зери хок аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG