Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримҳои зидди Сурияро шадидтар кард


Дипломатҳо мегӯянд, ки баъди саркӯби хунини эътирозҳо дар Сурия, Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои зидди ҳукумати ин кишвар ҷорикардаашро боз ҳам шадидтар кард.

Дипломатҳо гуфтанд, ки вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте дар Бруссел ба мувофиқа расиданд, ки чанд раҳбари баландпояи ин кишвар, аз ҷумла президент Башор Асадро аз ҳақи сафар ба кишварҳои аврупоӣ маҳрум карда дороиҳояшонро масдуд кунанд.

Дар вокуниш ба адами пешрафт дар музокираҳо атрофи барномаи ҳастаии Эрон таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо нисбати Этон тавсеа дода шуд. Дар нишасти дурӯзаи Бруссел, мавзӯи Либия ва ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ҳамчунин бояд баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG