Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарбози озарӣ дар наздикии Қаробоғи Кӯҳӣ кушта шуд


шаҳри Шуша

шаҳри Шуша

Тибқи гузоришҳо, як сарбози озарбойҷонӣ дар наздикии минтақаи баҳсноки Қаробоғи Кӯҳӣ аз дасти як снайпери арманӣ кушта шуд. Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи якшанбе рӯй дод.

Ин 13-умин сарбозест, ки дар наздикиҳои минтақаи баҳсбарангез дар соли ҷорӣ кушта мешавад. Қаробоғи Кӯҳӣ як минтақаи арманинишинест, ки дар қаламарви Озарбойҷон ҷой гирифта, кӯшиши ҷудо шудани ин анклав аз зери итоати Боку оғози солҳои 1990-ум боиси кушта шудани 30 ҳазор нафар шуд.

Даҳҳо ҳазор нафар дар паи ин нооромиҳо тарки макон карданд. Музокираҳои ҳукуматҳои Ереван ва Боку барои расидан ба сулҳу оштӣ ҳанӯз натиҷа надодааст.
XS
SM
MD
LG