Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Яман Солеҳ ҳамоно аз истеъфо худдорӣ мекунад


Алӣ Абдулло Солеҳ, президенти Яман ин навбат низ аз имзои номаи истеъфояш худдорӣ кард. Бӯҳрони сиёсии давомдори Халиҷи Араб, ки дар паи норизоият аз ҳукумати 33-солаи ӯ сар задааст, боз ҳам амиқтар мешавад.

Дар изҳороти рӯзи якшанбеи худ ӯ аз имзои истеъфономаи худ, ки дар сурати қабулаш ӯро аз таъқиби ҷиноӣ озод мекунаду аз он ИМА инз пуштибонӣ кардааст, худдорӣ кард. Ин навбати сеюм аст, ки Солеҳ талаби мухолифинро барои канор рафтан намепазирад.

Дар тамоми муддати бӯҳрони сиёии Яман то имрӯз беш аз 170 эътирозгар ба ҳалокат расиданд. Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ дар посух ба рад шудани имзои истеъфономаи Солеҳ гуфт, ки аз миёнҷигӣ дар бӯҳрони Яман худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG