Пайвандҳои дастрасӣ

Барф борад, баъд мўза мепўшам


Муҳаммадюсуф Шодиев, журналисти тоҷик

Муҳаммадюсуф Шодиев, журналисти тоҷик

Солҳои 80 уми асри гузаштаро давраи сотсиализми мутаррақӣ номгузорӣ карданд. Ҷамъияте ки коммунистҳо месохтанд, шояд як дараҷа ба нафъи мардум буд, зеро таълим, табобат, истироҳат барои одамони оддӣ низ дастрас буда, бепул амалӣ мешуд. Бо вуҷуд дар баъзе масъалаҳо танқисӣ ба чашм мерасид.

Ман, ки муаллими мактаби миёнаи деҳа будам, ҳамеша талош мекардам сару либосам озода бошад. Аммо мушкил сари он буд, ки либос ва пойафзоли дилкаш пайдо кардан ба ҳама даст намедод, хоса ба муаллимон. Барои дарёфти сару либоси хуб лозим меомад, ки савдогари шинос дошта бошӣ. Ва ман дар бахши либос ва дарёфти асбобҳои рўзгор аз қабили чойнику пиёла ошноҳо доштам, аммо барои дастрас намудани пойафзоли хуб, хусусан чехословакӣ мушкилӣ мекашидам.

Зимистон фаро мерасид ва ман бо туфлии тобистона будам. Дар он солҳо барои муаллимони фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ рўзҳои ҷумъа озод эълон шуда буд ва он рўзро мо барои худомўзӣ, корҳои методӣ ва беруназсинфӣ сарф мекардем.

Дар ҷустуҷўйи пойафзол

Яке аз чунин рўзи ҷумъаро ман барои пайдо кардани пойафзоли зимистона сарф кардани шуда, ба пойтахт омадам. Он замон магазини пойафзол дар наздикии бозори Шоҳмансур бо номи «Дом обувь» (ҳоло мағозаи фурўши мебел) мавҷуд буд, ки хело ба мардум хизмати хуб мекард ва тамоми намуди пойафзоли мардона, занона, кўдаконаи ҳамапўши истеҳсоли ватаниро аз он магазин пайдо кардан мумкин буд.

Вақте ба магазин наздик шудам одамони зиёдро дидам, ки навбат меистоданд ва гиру мону ғалоғула низ ҷой дошт. Аз як нафар сабаби навбат истодани одамонро пурсидам, гуфт пойафзоли зимистонаи фабрикаи Ленинобод омадагӣ, лекин ҳоло фурўхтанро сар накардаанд. Худо дод, гуфта навбат гирифтам. Навбатам омаду андозаи 42 дархост кардам. Оварданд, чи хурсандие намекардам. Дарҳол пойи ростамро пўшидам, олиҷаноб. Аз хурсандӣ пойи чапамро напўшида печондаму пулашро дар касса супорида ба деҳа баргаштам. Модарам, (Худо раҳматашон кунад) ки барои «пойҳои луч»- и ман диққат шуда, ҳар замон маро сарзаниш мекарданд, ки барои худат ягон пойпўши зиимистона гир, аз ҳама зиёд хурсанд шуданд. Ман бошам мегуфтам модар бинед дарунаш пашмин аст, насиб бошад, кайф карда мепўшам. Пўшидам. Пойи ростам соз, пойи чапам ба зўр даромад. Каме дар рўи хона гаштам, пойи чапамро чунон зер кард, ки гўйё зери сандон бошад. Авзоям беҷо шуд, лекин сирро бой надода, ният кардам рўзи дигар рафта иваз мекунам. Чун рўзи шанбе дарс доштам ба якшанбе вогузоштам. Субҳи барвақт ҷониби пойтахт шитоб кардам. Ба магазин омадам ва арзи ҳол кардам. Фурўшанда, ҷавони хело хушмуомила гуфт акаҷон ин пойафзол ҳамон рўзи ҷумъа тамом шуда буду дигар ягон дона надорем. Чи илоҷ карданамро намедонистам. Дили ҷавон шояд ба нигоҳи ҳазини ман сўхт, ки гуфт акаҷон як маслиҳат медиҳам. Ба магазини назди бозори Путовский (кадоме, ки дар ин рўзҳо канданаш идома дорад) равед ва дар як коғазча навишт, ки ниммўзаи маро агар илоҷ бошад, иваз кунанд.

Вохўрӣ бо нависандаи маъруф

Омадам ва бародари фурўшанда ёфта коғазчаро додам. Ҳозир, гуфта рафт пас аз 10-15 дақиқа баргашта узрхоҳона гуфт, андозаи 42 намондааст. Ман пурсидам, ки чи кор кунам, боз куҷо равам? Ҷавон гуфт як маслиҳат, Шумо ҳамин ҷо ниммўзаҳоро монед ва интизор шавед, мо фурўхта медиҳем. Дилам ба мўзаам кашол буд, зеро дигар инчунинашро дар гумон буд, ки дастрас намоям, лекин илоҷ надоштам. Ниммўзаро чанд кас дида, маъқул накарданд ва фурўшанда ҳар бор мефаҳмонд, ки "ҳамин муаллим харидаанду дар пояшон тангӣ кардааст, гиред, моли хуб аст."

Соате нагузашта як ҷавони харобаи портфелдор омад ва музаҳоро дида хуб аз тагу тор нигоҳ кард. Ман бошам ба пойафзоли пойи ҷавон зеҳн мондам. Ба дараҷае фарсудаю хўрда шуда буданд, ки ҷойҳои даридааш менамуданд. Дар дил мегуфтам ҳамин ҷавон мегирад. Пас аз хуб муоина кардан ба навиштаи зери пойафзол нигоҳ карда нархашро диду ба фурўшанда муроҷиат кард. Баъди вазъро фаҳмидан ба ман гуфт, ки ин мўзаро барои худам намегирам. Агар вақтатон бошад бо ман меравем, ин мўзаро ман ба ШЕФ-ам нишон медиҳам маъқул шавад мегирад. Калимаи ШЕФ он вақт он қадар мафҳуми фаҳмо набуд ва ман сарфаҳм нарафтам, лекин барои ман фарқ надошт мўзаро ки мегирад. Мўзаро дар қуттияш ҷо карда аз магазин баромадем. Ҷавон худро шиносонида ман Муҳибулло Қурбонов ҳастам гуфт. Ман дар ҷоям шах шудам, зеро ҳикояҳои ҷолибашро аз маҷаллаи «Садои Шарқ» мехондам ва ғоибона ин нависандаи ҷавонро мешинохтам.

Мўзафурўшӣ ҳам аз ёдам баромада буду паҳлўи ҳам мерафтем ва худро чандинкарата хушбахт меҳисобидам, ки бо ин нависандаи ҷавон вохўрдам. Роҳравон Муҳибулло фаҳмонд, ки ШЕФ-аш Бахтиёри Муртазо аст. Бахтиёр бароям ношинос буд ва он қадар аҳамият ҳам надодам. Муҳибулло аз шароити танги зиндагӣ шикоят намуда, туфлиҳои кандагиашро ба ман нишон дода, мегуфт, ки агар пул медоштам ин ниммўзаҳоро худам мехаридам.

Ман дар дил мегуфтам агар ман серпул мебудам ҳамин мўзаҳоро ба ҳамин нависанда тўҳфа мекардам.

Ман -- спекулянт

Ба бинои Иттифоқи нависандагон расидем. Ҳашамати бино маро пахш кард, шоир ва нависандаро ман он замон табарруктарин одам медонистам. Ба ошёнаи 2 баромада ҷониби рост гаштем ва дари ҳуҷраеро кушода марҳамат гуфта, хост, ман пештар дароям, аммо ман ўро пеш гузаронидам.

Муҳибулло салому алейк гуфта, маро бо ШЕФ шинос карда мақсадро гуфт. ШЕФ дар курсиаш худро ба пушт партофта, бо карру фарри хоса ба ман нигоҳ карда, сипас ба Муҳибулло нигариста, "канӣ, биёр, бинем," гуфт. Ў аз курсӣ берун нашуда, зўр зада як пояшро ба мўза андохта тап-тап зад ва калла ҷумбонда "неъ, намешавад," гуфта, ба чашмони ман, ки рост ба ў менигаристам нигоҳи маънидор карда гуфт, "дигар размераша надорӣ?" Ин савол ба ман хело сахт расид. Ман савдогар нестам, барои худам гирифта будам, як пояш тангӣ кард, барои ҳамин мефурўшаму дигар пойафзол мехарам.

Ин ШЕФ ончунон бо диққат ва нафрат ба ман нигоҳ карда, чизеро, ки интизор набудам гуфт, ки то имрўз дар гўшам садо медиҳад. -- Шумо спекулянтҳо (ҷаллобҳо) ҳамаатон ҳамин хел, дошта бошӣ биёр ягон размери дигараша.

Ман аз хашму ғазаб намедонистам чӣ кор кунам ва бо қаҳр мўзаҳоро аз дасташ гирифта, башаст берун шудам. Муҳибулло таскин дода мегуфт - муаллим хафа нашавед, ин кас шуморо ҷаллоб хаёл карданд. Ман, ки ғазабамро фурў бурда будаму аз шиносоӣ бо Муҳибулло худро хело хушбахт меҳисобидам ҳама пастзаниҳои ШЕФ-ро пушти сар кардам. Мо дар нимроҳа ҷудо шудем ман ба магазин баргаштаму мўзаҳоро назди касса мондам.

Пас аз 10-15 дақиқа ҷавоне бо модараш омад. Диданд, пўшиданд, хуш карданду гирифтанду рафтанд. Ман пули мўзаро гирифта ба магазини ЦУМ даромадам ва майда-чуйдаи дигари рўзгор харида, ба хона баргаштам. Рўзи дигар, ки хело боронӣ буд, модарам таъкид карданд, ки бачам мўзаҳои наватро пўшида ба кор рав. Хуб гуфта ҳар саҳар бо ҳамон туфлиҳои тобистона баромада, ба модарам мегуфтам, барф борад баъд мўза мепўшам.

Чархи фалак

Дар Вазорати нақлиёт дар вазифаи сардори маркази матбуот фаъолият доштам, рўзе дари ҳуҷраи корӣ тақ-тақ шуд. Марҳамат, гуфтам, марде ворид гашт, хело хўш қабулаш карда, мурооти нишастан кардам. Нишаста портфелашро рўи миз гузошта, аҳволпурсӣ карда, худро шиносонд, ман -- Бахтиёр Муртазоев, нависанда.

Ба рўяш дида дўхтам ва аз он карру фарр ва ғуруру ҳавобаландӣ чизе пайдо накардам. Хўш гуфтам муаллим, чӣ хизмат кунам? Иброз дошт, ки дар бораи нақби Анзоб китобе омода мекунад ва барои пурра кардан мавод лозим аст. Ба ҷон, гуфта, ҷузвдони алоҳидаро, ки дар он оид ба нақби Анзоб мавод мавҷуд буд наздаш гузоштам ва гуфтам домулло, ҳар чӣ қадар мавод лозим бошад, инҷо ман ҷамъ кардагӣ ва зарурияшро метавонам нусхабардорӣ карда диҳам. Хело хурсанд шуд.

Ман ба худ меандешидам, ки ҳодисаи гузаштаро гўям ё нагўям ва хулоса кардам, ки намегўям. Албатта домулло маро нашинохтанд ва дар ёд ҳам надоранд.

Соли 2005 дар Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон фаъолият мекардам. Макубе аз Вазорати нақлиёт ворид гашт ва иҷрои он бо амри тақдир ба ман вогузор шуда буд. Дар мактуб омада: "Бо мақсади дастрас намудани маводи бештар барои пурра намудани мўҳтавои китоб оид ба нақби Анзоб аз шумо хоҳиш менамоям ба саволҳои зерин… ва зиёда аз 10 савол. Бо эҳтиром нависанда Бахтиёр Муртазо."

Мактубро аз назар гузаронида, ба саволҳо шинос шудам ва кори ҳаррўзаи худамро қиёс карда медидам, ки агар ба ин саволҳои гузошта ҷавоб нависам худ як китоби алоҳида мешавад. Ба хонаи эшон занг мезанам як ду се маротиба ва билохира Бахтиёрро пайдо мекунам. Пас аз арзи ҳол мегўям муаллим мактубатон дар дасти ман аст, агар ба саволҳои гузоштаи Шумо ҷавоб нависам китоб аз ман мешавад. Маъзарат, ки ба мактубатон танҳо бо телефон ҷавоб мегўям. Об ба лаби ҷўй баробар шуд ва бе дархости ман Худованд моро ба ҳам расонд ва ин баҳамоӣ дар ду замона рост омад яке дар замони давлатдории СССР ва дигаре дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муносибатҳои бозорӣ.

Акнун барои ман зарур нест, ки барои харидани пойафзол ба назди касе рафта сар хам кунам ва ё ба ҷаллобӣ гунаҳкор шавам ва ба ШЕФ низ зарур нест, ки шогирдонро барои дарёфти пойафзол ба шаҳр гусел кунанд.

Ҷамъияти коммунистӣ бартарию камбудии худро дошт ва ҷамъияти имрўзи мо низ бартарӣ ва камбудии худро дорад. Бо ҳама камию серии замона шукргузорӣ мебояд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, рўзноманигор

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG