Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии шадид ва пурқурбонии пойгоҳи низомии Карочӣ


Раҳмон Малик

Раҳмон Малик

Нирӯҳои Покистон бо гурӯҳи ҷангиёни Толибон вориди даргирӣ ҳастанд, ки мусаллаҳ бо силоҳҳои қавӣ ба як пойгоҳи низомии нирӯҳои дарёии бандари Карочӣ ҳамла кардаанд.


12 соат баъди ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи баҳрии Меҳрони Карочӣ ҳамоно садои тирандозиву таркишҳо ба гӯш мерасанд. Мақомот мегӯянд, ки ин яке аз ҳамлаҳои ҷиддитарин болои нирӯҳои амниятии Покистон дар чандин соли охир аст.

Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Карочӣ имрӯз гуфт:

“Ҳамонтавре, ки ҳадс зада мешуд, ин як амали террористии зидди Покистон аст. Из ин пеш толибон ва Ал-Қоида таҳдид карда буданд, ки ба таъсисоти низомии Покистон ҳамла хоҳанд кард ва ин аст натиҷаи таҳдидҳои онҳо. Аз ҳамин хотир ҳам ман мегӯям, ки Покистон дар як ҳолати ҷанг қарор дорад”.


Толибон, ки масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтанд, таҳдид кардаанд, ки барои марги Бин Лоден интиқор мегиранд. Дар ин ҳодиса дасти кам 12 низомии поикистонӣ кушта шуда беш аз даҳ нафар маҷрӯҳ гардиданд.
XS
SM
MD
LG