Пайвандҳои дастрасӣ

То ҳанӯз маълум нест, ки Мирзо Бобоев, як сокини деҳаи Пистамазори ноҳияи Шӯрообод бо кадом ҳадаф ва аз ҷониби кадом гурӯҳ ба гарав бурда шудааст.

Ба нақли сокинони деҳоти атроф, Мирзо ҳамчун ронандаи трактор дар як хоҷагии деҳқонии наздик ба марз фаъолият доштааст ва шабе ӯро силоҳбадастони афғон бо худ бурдаанд.

БОЗ ЯК ТОҶИК ДАР ГАРАВИ ҚОЧОҚБАРОНИ АФҒОН

Дар ҳамин ҳол, Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, дар ин бора касе ба онҳо шикоят накардааст, вале додситонӣ аз рӯи сӯҳбати сокинон дар ин бора таҳқиқ мебарад.

Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯрообод

Ӯ мегӯяд: «Ҳеҷ кас ба мо шикоят накардааст. Мо ҳамин хел маълумот дорем. Ҳоло бачаҳо аз рӯи ин маълумот кор бурда истодаанд. Дар сурати пурра ин факт тасдиқи худро ёфтан, мо баъдан парвандаи ҷиноятӣ боз мекунем.»

Дар соли гузашта Сафаров Зайдулло, сокини шаҳри Кӯлоб ва Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини ноҳияи Шӯрообод дар мавзеи Дашти Ҷуми ин ноҳия аз ҷониби қочоқчиён ба гарав бурда шуда буданд.

Шариф Наимов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ин гаравгонон пас аз як ҳафтаи асорат бо роҳи гуфтушунид бо қочоқчиён раҳо шуданд.

Наимов афзуд: «Бо роҳи гуфтушунид озод шуданд, вале чӣ гуна, мо инро фош намекунем. Зеро шояд пас аз ифшои он, ба гаравгонони озодшуда зарар расад. Озод шудани ин гаравгонҳо таҷрибаи хуби кормандони милиса ҳаст, ки бе ҳеҷ зиён онҳоро озод кардааст.»

"ТО ШАМОЛ НАШАВАД ДАРАХТ НАМЕҶУНБАД"


Аммо бархе сокинони маҳаллӣ мегӯянд, тамоми гаравгонгирӣ дар ин ноҳия, вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст.

Як сокини деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯрообод, ки нахост номаш фош шавад, дар ин бора гуфт: «Мирзо худаш шояд ба ин кор сару кор надошт, вале соҳиби ҳамон хоҷагии деҳқонӣ ба фикрам ба ин кор сару кор дошт. Сару кор доштану надоштанаш ин кори мақомот аст, аммо ин қадар давлату савлате, ки он дошт, ба фикрам бо кишти гандуму нахуд, ба даст намеояд. Ва дигар ин, ки чаро садҳо нафари дигарро ба гарав намегиранду маҳз ӯро ба гарав бурданд. Шояд ин ҷо чӣ гапе ҳаст».

Шӯрообод яке аз ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон бо Афғонистон аст, ки мавориди зиёди интиқол ва кочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин минтақа ба мушоҳида расидааст. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 км марзи муштарак дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG