Пайвандҳои дастрасӣ

Бинобар гузоришҳо, дар соатҳои поёнии якшанбешаб, дастикам 15 марди мусаллаҳ ба як пойгоҳи нерӯҳои дарёии Покистон ҳамла карданд.

Ҳуҷумкунандагон зимни даргирӣ бо нерӯҳои дохили пойгоҳи баҳрии «Меҳрон» воқеъ дар шаҳри бандарии Карочӣ, бархе аз таҷҳизоти мавҷуд, аз ҷумла як ҳавопаймои навъи Р-3С Оrion-ро мунфаҷир кардаанд.

Ин даргириҳо то субҳи душанбе ҳамчунон идома дошта ва ба гуфтаи сухангӯи нерӯҳои дарёии Покистон, нерӯҳои вижа барои рӯёирӯи бо ҳуҷумкунандагон ба маҳали ҳодиса фиристода шудаанд. Даргириҳо то кунун дастикам панҷ кушта ба ҷой гузошта аст.


Ҳаракати Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта ва гуфтааст, дар интиқоми кушта шудани Усома бин Лодин даст ба ин юриш задааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи покистонии “The News” навиштааст, то кунун се нафар аз ин мардони мусаллаҳ худро тарконида ва чаҳор нафари дигар низ дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG