Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври даҳуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон пирӯз гаштанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

"Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров) ба дастаи меҳмон - "Равшан" (Кӯлоб) бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро Мансур Ҳакимов ва як голро Хайрулло Ғайбуллоев ба самар расонданд. Як голи меҳмононро Фозил Сатторов зад. Зимнан, ҳоло ӯ бо 6 гол беҳтарин нишонзани мусобиқаҳо мебошад.

Бозии дастаҳои "Энергетик" ва "Хайр"
“Хуҷанд” (Хуҷанд) низ дар майдони худ “Вахш” (Қӯрғонтеппа)-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Голҳои “Хуҷанд”-ро Валерий Сиганенко, Денис Синчук ва Ҷаҳонгир Эргашев заданд. Як голи меҳмононро Аҳтам Ҳамроқулов аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) бозиро дар майдони худ бо ССКА "Помир" (Душанбе) бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Баъди он, ки Шамсиддин Қосимов ва Давронҷон Тухтасунов дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи мизбонон ду тӯб ворид карданд, дар нимаи дуввуми бозӣ Далер Тухтасунов ду гол зада, ҳисобро баробар намуд.

“Энергетик” (Душанбе) дар майдони худ “Хайр” (Ваҳдат)-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Шодибек Ғаффоров дар ҳарду нимаи бозӣ якголӣ зад.

Парвиз Турсунов дар ҳайъати дастаи "Хайр"-и Ваҳдат
Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ дар ҳайати “Хайр” Парвиз Турсунов, ки як моҳ қабл бо риши дарозаш ба қаҳрамони матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфта ва аз ҳайъати даста хориҷ шуда буд, дубора бо ҳамон ришаш ба майдон омад.

Қаблан, масъулони тими "Хайр"-и Ваҳдат Парвиз Турсуновро барои риоя накардани оинномаи бошгоҳ ва муқаррароти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), пайваста ҳозир нашудан дар тамринҳо ва бозиҳои расмӣ 19-уми апрел аз мақомаш барканор карданд.

Тоҳир Мӯъминов, сармураббии тими "Хайр" мегӯяд, бо дархости зиёди мухлисон Парвиз Турсуновро дубора ба даста овардаанд...
Вале Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи "Хайр" дар бораи бозгашти Парвиз Турсунов ба дастаи “Хайр” чунин гуфт: "Парвиз Турсуновро мо бо хоҳиши зиёди мухлисонаш ва худи ӯ ба даста қабул кардем. Вай ваъда дод, ки дар тамринҳо ширкат меварзад ва муқаррароти ФИФА-ро ба ҷо меорад. Ҳоло ки бархе аз бозигарони мо ба иллати латхӯрӣ дар бозиҳо ширкат карда наметавонанд, мо дар қувваозмоӣ бо “Энергетик” Парвизро ба ҷои Қурбоналӣ Собиров ба майдон баровардем. Вале Парвиз, ки ҳоло заъфи ҷисмонӣ дорад, чандон хуб бозӣ накард ва ӯро боз иваз намудем. Мо ба риши ӯ кор надорем. Ин масъалаи шахсии ӯст. Мо ба Парвиз имкон додем, ки боз ба футбол машғул шавад."

Бозии «Истиқлол» - «Гвардия» ба мӯҳлати дертар мононда шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Равшан»

10

6

2

2

16-8

20

2.

«Истиқлол»

6

5

1

0

13-1

16

3.

Регар-ТадАЗ”

9

5

1

3

17-12

16

4.

Энергетик”

9

5

1

3

14-12

16

5.

Хайр»

8

4

2

2

10-5

14

6.

ССКА “Помир”

8

4

1

3

16-12

13

7.

«Хуҷанд»

9

3

3

3

9-12

12

8.

“Шодмон”

9

3

1

5

14-15

10

9.

“Парвоз”

9

3

0

6

10-24

9

10.

«Гвардия”

8

1

2

5

7-18

5

11.

«Вахш”

9

1

0

8

8-15

3


Бозии мавқуфмондаи даври 7-ум

25-уми май (чоршанбе)
ССКА “Помир” - “Истиқлол”

Бозиҳои даври 11-ум

25-уми май (чоршанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»

26-уми май (панҷшанбе)
«Хуҷанд» - «Парвоз»
«Вахш» - “Гвардия”

28-уми май (шанбе)
“Шодмон” - “Истиқлол”
«Хайр» - ССКА «Помир»

Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG