Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашнвораи байналмилалии Канн, аз мӯътабартарин сабқатҳои синамои ҷаҳонӣ рӯзи 22-юми май натиҷагирӣ шуд.

Тайи 11 рӯз барои «Нахли тилоӣ» - Шоҳҷоизаи ин ҷашнвора, ки имсол барои бори 64-ум доир шуд, 22 филм вориди мубориза шуданд. Вале ҳайъати нӯҳнафарии ҳакамон, ки имсол ба он ҳунарманди маъруфи
«Ниҳоли умр» бояд ҳанӯз дар ҷашнвораи соли гузаштаи Канн ба маърази тамошо ва сабқат гузошта мешуд, вале Терренс Малик филмашро сари вақт тамом карда натавонист ва ба ин далел, «Ниҳоли умр» ба ҷашнвораи имсола роҳ ёфт ва баранда шуд...

амрикоӣ Роберт де Ниро раҳбарӣ мекард, дар ниҳоят «Нахли тилоӣ»-ро имсол ба филми «Ниҳоли умр»-и коргардони амрикоӣ Терренс Малик эъто кард.

Терренс Малик чандин сол боз узлатнишиниро ихтиёр кардааст ва табъан дар маросими эътои Шоҳҷоизаи ҷашнвораи Канн ба филмаш низ ҳузур надошт. Ба ҷои ӯ, барои гирифтани «Нахли тилоӣ» продюсерҳои филм ба минбар баромаданд.

«Ниҳоли умр» бояд ҳанӯз дар ҷашнвораи соли гузаштаи Канн ба маърази тамошо ва сабқат
Ларс фон Триер

гузошта мешуд, вале Терренс Малик филмашро сари вақт тамом карда натавонист ва ба ин далел, «Ниҳоли умр» ба ҷашнвораи имсола роҳ ёфт ва баранда шуд. Дар ин филм ду ситораи маъруфи Ҳолливуд –Бред Питт ва Шон Пен – нақшҳои асосиро бозӣ кардаанд ва сужааш аз зиндагии солҳои 50-уми Амрикост ва достони як кӯдаки 11-солаи дар сафари мард шудан.

Як рақиби ҷиддии «Ниҳоли умр» дар ҷашнвораи имсолаи Канн филми «Молихулиё» («Меланхолия»)-и коргардони даниягӣ Ларс фон Триер ба шумор меомад. Вале Триер дар рӯзҳои ҷашнвора дар як нишасти матбуотиаш изҳор дошт, ки Адолф Ҳитлерро хуб мефаҳмад ва дар як они воҳид мавриди мазаммату сарзаниши аҳли ҷашнвора қарор гирифт ва амалан шонси пирӯзии филмашро ҳеҷ кард.

«Молихулиё»-ро расман аз сабқат хориҷ накарданд, вале худи Ларс фон Триер бо вуҷуди узрхоҳиҳои бакараташ, ки изҳороти аввали худро як шӯхӣ пиндошт, аз Канн ронда шуд. Ларс фон Триерро ҳатто ба маросими анҷоми ҷашнвора роҳ надоданд. Ҳакамон дар ҳар сурат, ба Кирстен Данст, бозигари нақши асосӣ дар филми Триер ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро доданд, вале барои филме, ки ҳама интизор доштанд, «Нахли тилоӣ»-ро бибарад, ин ҷоиза чандон таскинбахш нест.

Ҷоиза барои беҳтарин нақши мардонаро ҳунарпешаи фаронсавӣ Жан Дюжарден барои иҷрои нақши асосӣ дар филми «Артист» ба даст овард. Ҷоизаи дуввуми ҷашнвораи Канн – Гран –Приро имсол якбора ба ду филм –«Писараки велосипедсавор»-и бародарон Жан-Пер ва Люк Дарденн аз Белгия ва «Боре дар Анталия»-и коргардони турк Нурӣ Ҷайлон – доданд.

Ҷафар Паноҳӣ, коргардони эронӣ (Акс аз бойгонӣ)
Николас Виндинг Рефн аз Дания барои филми «Драйв» ҷоизаи беҳтарин коргардонро соҳиб шуд.

Як рӯз қабл коргардони эронӣ Муҳаммад Расулов дар бахши «Нигоҳи вижа»- и ҷашнвораи Канн барои филми «Ба умеди дидор»-аш коргардони беҳтарин шинохта шуд. Ин филм достони вакили мудофеъест, ки ба хотири гирифтани раводиди сафар ба хориҷ аз ҳилаҳои мухталифе истифода мекунад.

Муҳаммад Расулов ва коргардони дигари эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ дар Эрон ҳар кадом ба 6 соли зиндон ва 20 соли маҳрумият аз сафар ба хориҷ маҳкум шудаанд. Онҳо дар баҳои пули гарав то анҷоми додгоҳи таҷдиди назар дар озодӣ қарор доранд, вале ҳаққи сафар ба хориҷро ҳамчунон надоранд. Ба далели мамнӯъулхуруҷ будани Расулов, ҷоизаи ӯро дар Канн ба ҳамсараш супурданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG