Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нахли тилоӣ"-и Канн ба "Ниҳоли умр" расид


Ҷашнвораи байналмилалии Канн, аз мӯътабартарин сабқатҳои синамои ҷаҳонӣ рӯзи 22 май натиҷагирӣ шуд. ва ҷоизаи асосиаш - «Нахли тилоӣ» имсол ба филми «Ниҳоли умр»-и коргардони амрикоӣ Терренс Малик эъто шуд. Терренс Малик чанд сол боз узлатнишиниро ихтиёр кардааст ва дар маросими эътои ҷоизаsjи ҷашнвораи Канн ҳузур надошт.
Дар ин филм ду ситораи маъруфи Ҳолливуд –Бред Питт ва Шон Пен – нақшҳои асосиро бозӣ кардаанд.
Кирстен Данст, бозигари нақши асосӣ дар филми «Молихулиё»-и коргардони даниягӣ Ларс фон Триер ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро доданд. Ҷоиза барои беҳтарин нақши мардонаро ҳунарпешаи фаронсавӣ Жан Дюжарден барои иҷрои нақши асосӣ дар филми «Артист» ба даст овард. Ҷоизаи дуввуми ҷашнвораи Канн – Гран –Приро имсол якбора ба ду филм –«Писараки велосипедсавор»-и бародарон Жан-Пер ва Люк Дарденн аз Белгия ва «Боре дар Анталия»-и коргардони турк Нурӣ Ҷайлон – доданд. Николас Виндинг Рефн аз Дания барои филми «Драйв» ҷоизаи беҳтарин коргардонро соҳиб шуд.
XS
SM
MD
LG