Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офтобро аз Амрико ихроҷ карданд


Файсал Аҳмад - омили бомбгузории Таймс-Сквер
Файсал Аҳмад - омили бомбгузории Таймс-Сквер
Марди покистониеро, ки дар иртикоби таҳқиқи парвандаи талоши нокоми бомбгузорӣ дар Таймс-сквери Ню-Йорк боздошт шуда буд, аз Амрико ихроҷ кардаанд. Мақомот мегӯянд, Офтоб Алихони 28-сола дар пайи дар таҳияи асноди ҷаълии муҳоҷират ва таҳвили ғайриқонунии пул муҷрим шинохта шуданаш ихроҷ шуд. Ӯро дар ҳавопаймое, ки дирӯз аз Бостон ба Исломобод парвоз кард, маъмурони муҳоҷират ва гумруки Амрико ҳамроҳӣ кардаанд. Мақомоти Амрико мегӯянд, Офтоб Алихон ба Файсал Аҳмад, омили ҳамлаи нокоми моҳи майи соли гузашта дар Таймс-Сквер, аз дохили Покистон 4 900 доллар дастрас кардааст. Додгоҳи Амрико худи Аҳмадро ба ҳабси умрбод маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG