Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба Меҳрон 5 нафар ҷон бохтаанд


Маҳалли ҳамлаи 28 апрел ба маллоҳони покистонӣ

Маҳалли ҳамлаи 28 апрел ба маллоҳони покистонӣ

Бар асари ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии артиши баҳрии Покистон дар Карочӣ то 5 нафар кушта ва ҳудуди 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Бо гузашти беш аз 5 соат аз шурӯъи ҳамла, бино ба хабарҳо, субҳи имрӯз низ аз пойгоҳи Меҳрон садои тир меомад. Ҳамлагарон, ки гумон меравад, исломиҳо бошанд, ба сӯи ҳавопаймоҳои мустақар дар ин пойгоҳ, аз ҷумла як ҳавопаймои дидбонии Амрико, тир кушодаанд. Дар бораи чандин таркиш ва оташсӯзӣ дар Меҳрон гузориш шудаст. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳамла дастикам 15 ҷангӣ ширкат дошт. Ҳамла ба пойгоҳи Меҳрон яке аз ҷиддитарин мавориди ҳамла ба таъсисоти низомии Покистон дар чанд соли охир дониста мешавад. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ба ӯҳда нагирифтааст.
Моҳе пеш дар Карочӣ як автобуси ҳомили маллоҳони артиши Покистон низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG