Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии пулис бо эътирозгарон дар Тифлис


Даргирӣ бо пулис

Даргирӣ бо пулис

Тазоҳургарони зидди давлати Гурҷистон дирӯз дар пайи ҳамла ба як мошини пулис бо нирӯҳои амниятӣ даргир шуданд. Пулис маҷбур шуд алайҳи онҳо аз тирҳои резинӣ ва аз газ истифода кунад. Рӯзи шанбе ҳам ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифин бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ тазоҳурот карданд, ки бузургтарин эътироз дар ин кишвар дар 2 соли охир дониста мешавад. Раҳбарони мухолифин мегӯянд, дирӯз ба хотири ҷилавгирӣ аз боздошти як тазоҳургар ба мошини пулис ҳамла шудааст.
Сухангӯи вазорати дохилаи Гурҷистон Шота Утиашвилӣ гуфт, ҳадафи пулис танҳо ором кардани тазоҳургарони хашмолуд буд, на пароканда кардани худи раҳпаймоӣ.
XS
SM
MD
LG