Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухӯрди пурқурбонӣ дар Хуст


Манзарае аз Хуст

Манзарае аз Хуст

Дар як тирандозӣ дар як идораи давлатӣ дар вилояти Хусти Афғонистон 6 нафар ҷон бохтаанд. Фармондеҳи артиши Хуст генерал Розмуҳаммад гуфт, гурӯҳи мардони маводи мунфаҷира дар тан субҳи якшанбе вориди сохтмон шуда, ба тирандозӣ шурӯъ карданд. Даргирӣ бо ин силоҳбадастон чанд соат тӯл кашидааст. Рӯзи шанбе бар асари як ҳамлаи маргталабона дар бемористони низомии Кобул низ дастикам 6 нафар кушта шуданд. Толибон, ки масъулияти ҳарду ҳамларо бар ӯҳда гирифт, эълон кардааст, ки дар пешорӯи ба нирӯҳои афғон вогузор шудани масъулиятҳои амниятӣ дар моҳи июл мизони ҳамалоташро афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG