Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон


Бино ба хабарҳо, вазорати кишоварзии Тоҷикистон барномаи ислоҳоти ин соҳаро таҳия кардааст, ки ҳадафаш то соли 2020 ба амнияти ғизоӣ ноил шудани кишвар аст. Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир чизе дар ҳудуди 60 дарсад эҳтиёҷоти бозори дохилиро таъмин мекунад. Аммо масъулини вазорати кишоварзӣ гуфтаанд, дар сурати иҷрои барномаи ислоҳот кишвар то 10 соли дигар эҳтиёҷоташро 100 дарсад аз ҳисоби маҳсули деҳқонони маҳаллӣ таъмин хоҳад кард. Қарор аст, ин барнома то соли 2020 дар 3 марҳала иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG