Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Элбегиев ба додгоҳи вилояти Тула шикоят бурдааст


Владимир Шаманов

Владимир Шаманов

Шаҳрванди Тоҷикистон Давлатшоҳ Элбегиев, ки дар вилояти Тулаи Русия бо ҷурми бархӯрди мошинаш бо мошини хидматии фармондеҳи нирӯҳои десантии артиши Русия генерал Шаманов ба 6 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда буд, аз ҳукми додгоҳи ноҳия ба додгоҳи вилоятӣ шикоят бурдааст. Сухангӯи додгоҳи вилояти Тула Олга Дячук гуфтааст, қарор буд, бозбинии парвандаи Элбегиев рӯзи 18 май оғоз шавад, вале мурофиа ба далоили фаннӣ ба таъхир гузошта шуд. Мошини МАЗ-и Давлатшоҳ Элбегиев моҳи октябр дар яке аз ҷодаҳои вилояти Тула бо мошини БМВ-и генерал Шаманов бархӯрд кард. Бар асари ин сониҳа Шаманов ва фармондеҳи дивизияи десантии мустақар дар Тула Алексей Науметс ҷароҳатҳои сангин бардоштанд, вале ронандаи Шаманов ҳалок шуд.
Элбегиев моҳи феврал ба 6 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд, вале бо вуҷуди эътироф гуноҳ ин ҳукмро беш аз ҳадд сангин медонад.
XS
SM
MD
LG