Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳибае ба Би Би Си гуфт, вай ба вуруди нируҳои Амрико ба Покистон иҷоза хоҳад дод, агар каси дигаре дар он ҷо пайдо шавад, ки раҳбарии тундравҳоро бар дӯш бигирад. Аз Обама пурсиданд, ки чӣ хоҳад кард, агар дар қаламрави Покистон ё кишвари дигари мустақал ради пои яке аз раҳбарони Ал Қоида ё Мулло Умар пайдо шавад? Обама дар посух гуфт, ки агар зарур бошад, Амрико дар чунин ҳолат ба таври якҷониба вориди амал мешавад. Дар посух ба ин суханони Обама сухангӯи Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон гуфт: “Мо бояд аз тасмимҳои якҷониба даст кашем ва барои мубориза бо терроризм бештар ба ҳамкорӣ такя кунем”. Вай аз тавзеҳоти бештар саркашӣ кард.
XS
SM
MD
LG