Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо вуҷуди он ки тоҷикони Чин дар зери таъсири туркзабонҳо мондаанд, вале ҳанӯз худро тоҷик мешуморанд.

Ҷони ман бодо фидоят, ассалом эй Гулбутта,
Ҳар замон оӣ ба ёдам, моҳи тобон Гулбутта.


Офиятулло, сокини Тошқурғони Чин баъд аз муаррифӣ кардани худ ва огаҳӣ ёфтан аз ҳадафи мо сӯҳбаташро бо ҳамин сурудаи машҳури мардумӣ оғоз кард.

Вай ҳамзамон мехост завқи баланди худро нисбат ба шеър ва дилбастагиашро ба забони тоҷикӣ нишон диҳад ва собит кунад, ки фолклор дар зиндагии онҳо чӣ ҷойгоҳе дорад. Дар зимн, наворҳои зиёде аз ҳунари мусиқии тоҷикони Чин дар шабакаи интернет пахш шудаанд. Монанди ин яке:


Аз Офиятулло мепурсем, оё ба забони тоҷикӣ шеърҳои дигар ҳам хонда метавонад?

Офиятулло: Ман як шеъри машҳури шоири бузурги тоҷикон, Мирзо Турсунзодаро бароятон мехонам:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун...
Дӯст ояд сахт бар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.


Тоҷикони Чин
Сӯҳбатро бо ҳамсӯҳбати дигарамон Абул Асанхон идома медиҳем.

Озодӣ: Абул Асанхон, Шумо сокини куҷо ҳастед?

-Ман дар Тошқурғон, дар мамлакати Чин, дар ноҳияи Шинҷон зиндагӣ мекунам, яъне Шаҳристони мухтори тоҷикнишини Чин.

Озодӣ:
Дар хона Шумо ба кадом забон сӯҳбат мекунед?

-Бо забони маҳаллии ин ҷо, бо забони сари кӯҳӣ (сари қулӣ).

Озодӣ:
Забони тоҷикиро аз куҷо ёд гирифтед?

-Забони форсӣ 80 сол пеш аз ин дар ин ҷо роиҷ буд. Вале ҳоло ҳам дар баъзе аз хонаҳо ба ин забон сӯҳбат мекунанд. Махсусан дар рустоҳо. Дар ин ҷо фолклор, масалҳо ба ин забон зиёд аст.

Аз Офиятулло мепурсем, ки ба назари вай дар оянда ин фолклор боқӣ мемонад ё оҳиста-оҳиста аз байн меравад?

Офиятулло: На, аз байн намеравад. Ҳоло дар шаҳристони мо мардум ба забони форсӣ хеле алоқа доранд. Мо ҳоло як клос (курси омӯзишӣ)-и форсӣ таъсис кардем. Ба бачаҳо форсӣ дарс медиҳем.

ҲАМ ФОРСӢ, ҲАМ ЧИНӢ

Замир Сайдулло
Замир Сайдулло, устоди донишгоҳи Урумчии Чин аз ҷумлаи онҳоест, ки солҳои зиёд дар тарғиби забону фарҳанги тоҷикӣ саҳм дорад. Ба ҷуз аз ин ки вай дар донишгоҳ забони тоҷикиро ба шогирдон тадрис мекунад, дастурамалҳои зиёди омӯзиши забони тоҷикӣ низ таълиф кардааст. Аз вай мепурсем, оё дар минтақаи Шинҷони Чин барои тоҷикзабонон таҳсил ба забони тоҷикӣ иҷоза дода шудааст?

Замир Сайдулло: Тақрибан ду сол шуд, ки дар Шинҷон тадрис ба ду забон ба роҳ монда шудааст. Тоҷикон бояд аз рӯи ҳуҷҷат (қарор) забони модариву забони чинӣ биомӯзанд. Аммо тоҷикӣ аз соли 1937 ин тараф аз тадрис гирифта шудааст. Тақрибан 70-80 сол мешавад, ки дар тадрис нест. Барои ҳамин якбора онро бар роҳ мондан хеле душвор аст, чун муаллим надорем, китоб ҳам нест. Ҳозир кӯшиш карда истодаем, ки ҳамин солҳои наздик забони тоҷикӣ-форсӣ ба клосҳои мактабҳои тоҷикнишини Чин бояд ворид шавад. 40 нафар донишҷӯ забономӯзиро хатм карда баргашта ба минтақаҳо рафтанд. Бояд вақтҳои наздик як ё ду клоси дигар биёянд забон омӯзанд. Дар худи Тошқурғон 80 нафар забони форсиро омӯхта истодаанд.

Ҷавонон форсӣ меомӯзанд. Шинҷон

ХАТТИ НИЁГОН

Озодӣ: Дар Тоҷикистон, масалан, хатти кириллӣ роиҷ аст ва бо он дарс мехонанд ва шумо, вақте ки ба шогирдон аз форсӣ-тоҷикӣ дарс
медиҳед, онҳо ба кадом хат дарс мехонанд?

Замир Сайдулло: Бо хати арабиасоси форсӣ. Мо кириллиро ҳам ёд додем, барои он ки Тоҷикистон аз он истифода мебарад. Аммо хати мо хати форсист, ки ниёгони мо истифода кардаанд.

Озодӣ: Бубинед, ҷаноби Сайдулло, Шумо хеле хуб ба тоҷикӣ сӯҳбат мекунед, бо лаҳҷаи хеле хуб ва адабии тоҷикӣ. Шумо забони тоҷикиро худатон дар куҷо омӯхтед?

Замир Сайдулло: Чун падару модарам форсизабон ҳастанд, пеш ҳам кам-кам медонистам. Баъд дар Тоҷикистон таҳсил кардам. Он чизе, ки нопурра буд, дар Тоҷикистон комил шуд.

Озодӣ: Шумо мактабро ба кадом забон хатм кардед?

Замир Сайдулло: Мактабро бо забони уйғурӣ тамом кардам. Баъдан дар донишгоҳ забони чиниро ҳам омӯхтам.

ЗАБОНИ САРИ КӮҲӢ

Озодӣ: Мардуми дигар чӣ гуна ҳастанд? Мардуме, ки дар ҳамон минтақа зиндагӣ мекунанд ва худашонро тоҷик мегӯянд, онҳо байни худашон чӣ гуна сӯҳбат мекунанд?

Замир Сайдулло: Байни худашон асосан ба забони шарқӣ-эронӣ, яъне ба забонҳои ба гуфтаи Тоҷикистон забонҳои помирӣ ҳастанд-ку, ба ҳамон забонҳо сӯҳбат мекунанд. Ранги ҳамон ин ҷо ҳам ду забон дорем. Яке забони вахӣ номида мешавад ва дигаре забони сари кӯҳӣ. Мардуме, ки ба забони сари кӯҳӣ ҳарф мезананд, нисбат ба забони вахӣ каме заёд аст. Барои ҳамон бештар ба забони сари кӯҳӣ ҳарф мезананд.


"МАМНӮЪИЯТ НЕСТ"

Озодӣ: Оё ашёи таълимӣ ва заминаҳо барои гузаштан ба забони тоҷикӣ, ки мегӯед ҳоло таҳсил ба он ба таври расмӣ иҷоза шудааст, вуҷуд дорад?

Замир Сайдулло: Аз лиҳози сиёсӣ ягон мамнӯъияте нест. Танҳо барои он ки мо ин забон аз тадрис қариб 80 сол шуд, ки бардошта шудааст, ҳозир муаллиму китоб, ҳамин ду душворӣ дорем. Мо ҳамин чизро тайёр карда истодаем.

Озодӣ: Яъне, ки талошҳо барои дубора барқарор кардани забон ва забони таҳсил шурӯъ шудааст ва идома дорад?

Замир Сайдулло: Бале, бале...

Озодӣ: Худи мардум ҳам инро мехоҳанд?

Замир Сайдулло: Албатта, мехоҳанд. Барои чӣ намехоҳанд.

Озодӣ: Масалан, маъракаҳо баргузор мекунанд, мисли тӯй, базмҳои хурсандӣ. Оё дар он ҷо таронаҳо ба забони тоҷикӣ ҳам иҷро мешавад?

Замир Сайдулло: Бисёр аст. Нисбат ба забонҳои маҳаллӣ таронаҳо ба форсӣ зиёдтар аст. Таронаҳои бисёр қадимӣ. Мумкин аст, акнун дар Тоҷикистон пайдо намешаванд. Аммо дар ин ҷо дар байни мардум ҳифз шудааст.

ҲАМКОРӢ: АЗ ИҚТИСОД ТО ФАРҲАНГ

Озодӣ: Фикр мекунед, ки дар оянда рафтуомад байни тоҷикони Шинҷон ё Тошқурғон ё Урумчӣ ривоҷ меёбад ва беҳтар мешавад?

Замир Сайдулло: Бале, бале. Чун байни Тоҷикистону Шинҷони Чин роҳ ҳаст, рафтуомад давом дорад. Фикр мекунам, ки ин рафтуомад вусъат пайдо мекунад. Ҳоло рафтуомад асосан дар соҳаи иқтисодӣ аст. Мумкин дар соҳаи фарҳангӣ ҳам вусъат пайдо мекунад. Моҳи оянда гурӯҳи ҳунарии мо - тоҷикон ба Душанбе сафар доранд.

БАРДОШТҲОИ ПАЖӮҲИШГАРИ ТОҶИК

Боғшоҳи Лашкарбек
Солҳои ахир забоншиносону бостоншиносони тоҷик низ ба осори фарҳангии тоҷикони Чин, ба вижа ба вазъи забон дар минтақаҳои тоҷикнишин таваҷҷуҳ пайдо кардаанд.

Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷики муқими Маскав яке аз онҳост, ки ба Шинҷони Чин сафари омӯзишӣ анҷом додааст. Аз вай пурсидем, дар ҷараёни сафар тоҷиконро дар он ҷо чӣ гуна дарёфтааст ва то чӣ андоза онҳо забони худро ҳифз кардаанд:

Боғшоҳи Лашкарбек: Мо аз пажӯҳишгоҳи забоншиносӣ се нафар сафар кардем ва қаблан гумон доштем, ки аксари тоҷикон дар ноҳияи мухтори тоҷикони Чин зиндагӣ мекунанд. Ҳадафи сафар ҳам ин буд, ки вазъи забонҳои маҳаллӣ, яъне забони сариқулӣ, вахонӣ ва забони тоҷикиро таҳқиқ кунем. Вале қабл аз сафар иттилое, ки пайдо кардем, ҳудуди 30-40 дарсади тоҷикон берун аз хоки Тошқурғон ё ки ноҳияи мухтори тоҷикони Чин иқомат мекунанд. Дар ҷустуҷӯ ва дарёфти тоҷикони Чин мо масофаи 4 ҳазор километрро тай намудем. Мо дарёфтем, ки дар вилоятҳои Ёрканд, дар Хутан ва дар Қошғар тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Ғайр аз ин як ноҳияи дигаре, ки доранд, ноҳияи мухтори тоҷикони Чин чаҳор музофоти дигари миллӣ ҳам вуҷуд доштааст. Дар ин чаҳор музофот ҳудуди 14,5 ҳазор тоҷикони Чин иқомат мекунанд. Он гуна, ки мо дарёфтем, ҳамаи тоҷикон кӯшиши зиёд доранд дар ҳифзи ҳуввияти миллиашон ва ҳуввияти забониашон. Вале муттаассифона на ҳамеша ин барояшон муяссар мешавад, чунки 150-200 сол мешавад, ки онҳо дар иҳотаи мардумони туркизабон ҳастанд. Ба ин сабаб он деҳоте, ки танҳо ҳастанд ё ду-се деҳот ҳастанд, онҳо ҳуввияти забониашонро аз даст додаанд ва имрӯз туркӣ сӯҳбат мекунанд. Худашон мегӯянд, ки “мо тоҷикони туркизабон ҳастем.” Бо ифтихори хеле бузург мегӯянд, ки онҳо тоҷик ҳастанд. Калимаи мо тоҷикро ба забони туркӣ мегӯянд. Яъне “миллатимиз таҷик”. Вале мегӯянд, ки забони худро гум кардаанд. Гарчӣ забонро гум кардаанд, аммо ҳуввияти миллиашонро нигоҳ дошта, бештар ҷанбаҳои фарҳангиро ҳам ҳифз кардаанд. Масалан, дар ноҳияи Сариқул ноҳияи мухтори тоҷикони Чин аст. Дар ин ҷо сурудҳо ба забони сариқулӣ, вахӣ ва тоҷикӣ суруда мешаванд. Ман дар тӯй ширкат доштам. Вақте ки домоду арӯсро мебароранд, сурудҳои “Шаҳ муборак”-ро мехонанд. Бисёр чизҳоро ҳифз кардаанд, гарчӣ забони тоҷикиро намедонанд, бо вуҷуди ин сурудҳои тоҷикиро гӯш мекунанд, месароянд ва дар барномаҳои театриашон ҳам хеле зиёд аст.


Озодӣ: Фикр намекунед, ки ҳамин суруду мусиқӣ ба онҳо кӯмак мекунад, то онҳо забону миллати худро аз ёд набаранд?

Боғшоҳи Лашкарбек: Оре, ҳоло дараҷаи шуури миллиашон хеле пеш рафтааст ва талош мекунанд, он чизеро, ки аз даст дода буданд, дубора ёҳё кунанд. Коре мекунанд, ки дубора кӯдаконро бо забон ошно созанд, ба забони тоҷикӣ, ба забони вахӣ ва забони сариқулӣ китобҳо менависанд ва дар мактаб ба кӯдаконашон тадрис мекунанд.

Озодӣ: Барои ин кор аз ҷониби доираҳои расмӣ маҳдудият мушоҳида намешавад?

Боғшоҳи Лашкарбек: На, хайр. Баръакс, ҳукумати Чин ба онҳо иҷоза додааст, ки дар мактаб ба забони модарии худ дарс хонанд, яъне фанни забону адабиёт ва фолклори худро ба ивази забони уйғурӣ дар барномаҳои таълимӣ ворид кунанд. Ба онҳо гуфтаанд, ки шумо тоҷик ҳастед ва барои ҳамин дар мактаб бояд таълими забони тоҷикиро ба роҳ гузоред. Вале дар ин ҷо тоҷикон ба мушкил гирифтор шудаанд, чун онҳо як забони умумӣ надоранд. Як қисматашон ба забони сариқулӣ сӯҳбат мекунанд, як қисматашон ба забони вахӣ ва қисмати дигар ба забони туркӣ, яъне имрӯз тоҷикони Чин се забон доранд. Онҳо забони тоҷикиро забони миллӣ мешиносанд, вале муттаассифона, онро намедонанд. Вақте барои онҳо иҷоза дода шуд, ки забони модарии худро омӯзанд, суоле пеш омад, ки ба кадом забон тадрис кунем? Аксар ба ин хулоса омаданд, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG