Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби нахуствазири Испания мавқеашро аз даст медиҳад?


Дар ҳоле, ки дар Испания интихоботи маҳаллӣ ва минтақаӣ идома дорад, тазоҳуркунандагон ҳамчунон дар кӯчаву хиёбонҳо боқӣ мондаанд. Аз 15-ӯми май ба ин сӯ даҳҳо ҳазор мардуми Испания ба кӯчаву хиёбонҳо рехтаанд ва норизоятии худро аз мизони баланди бекорӣ нишон медиҳанд. Дар миёни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо Испания дорои баландтарин мизони бекорист ва он ба 21,19 дарсад мерасад. Тазоҳуркунандагон имрӯз аз аҳолии қобили рай хостанд, ки бар зидди сиёсати Ҳизби Сотсиалист ва Ҳизби Марумӣ рай диҳанд. Назархоҳиҳо нишон медиҳад, ки мавқеи Ҳизби Сотсиалист поин рафтааст ва он метавонад ба мавқеи нахуствазир Хосе Луис Родригес Запатеро низ асар гузорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG