Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи нируҳои Британия аз Ироқ поён ёфт


Имрӯз Британия хуруҷи нируҳои худро аз Ироқ ба поён расонд. Ин нируҳо 8 сол дар ин кишвари Ховари Миёна мустақар буданд. Британия бисёре аз нируҳои худро аз Ироқ соли 2009 бароварда буд, вале машқу тамрини нируҳои ироқиро идома медод ва ҳамзамон ҳифозати марзҳои обиро бар ӯҳда дошт. Аз оғози вуруди нируҳои байналмиллалӣ ба Ироқ то ҳол 179 нафар низомиёни Британия кушта шудаанд. Хуруҷи нируҳои Британия аз хуруҷи нируҳои Амрико чанд моҳ зудтар анҷом мегирад. Сипас таъмини амният бар дӯши худи нируҳои Ироқ вогузор мешавад.
XS
SM
MD
LG