Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қимати маводи сӯхти ҳавопаймоҳо


Cар аз 10-уми июн ҳар тонна керосин ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба нархи 1700 доллар фурӯхта хоҳад шуд.

Маъмурияти ширкати сӯхтгирии ҳавопаймоҳои Тоҷикистон бо ирсоли номае ҳамаи ширкатҳоро аз ин тасмими худ огоҳ кардааст.
Акнун коре, ки барои Тоҷикистон боқӣ мондааст, ба сурати муваққат лағв намудани аксизи бензин ва молиёти дигар аз воридоти он аст, то аз болоравии қимматҳо дар бозори дохилӣ то ҳадде ҷилавгирӣ шавад...


Муҳаббатшо Абдулҳаев, масъули ширкати саҳҳомии таъминкунандаи фурудгоҳи Душанбе бо маводи сӯхт, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки сар аз рӯзи даҳуми июн ҳар тонна керосин дар Тоҷикистон ба қиммати 1 ҳазору 700 доллар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯхта хоҳад шуд.

Вай афзудааст, захираи маводи сӯхте, ки ширкатҳо бо нархи моҳҳои май ва апрел ворид намуда буданд, то аввали моҳи июн масраф мешавад.

БОҶИ СОДИРОТӢ, АКСИЗ, АНДОЗИ ИЗОФӢ

Акнун маводи сӯхт бо қиматҳои нав ворид мешавад, ки назар ба қимати пешин болотар аст ва бинобар он ба қимати болотаре дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон ба фурӯш хоҳад расид.



Яъне маводи сӯхти ҳавопаймое, ки бо қимати баробар ба тарифҳои якуми май ворид мешавад, ҳар тоннаи он то марзи Тоҷикистон, ба 1 ҳазору 263 доллар тамом хоҳад шуд. Ва боҷи воридотӣ, андози изофаи 18 дарсадӣ, аксиз ва масрафҳои дигар ба он изофа хоҳад шуд, ки дар натиҷа ҳар тоннаи он 1 ҳазору 525 доллар қимат пайдо хоҳад кард ва ширкатҳо вобаста ба масраф ва ҳаққи даромади худ онро ба қимати 1700 долар ба фурӯш хоҳанд расонид.

"НАРХИ БИЛЕТРО БОЗОР МУАЙЯН МЕКУНАД"

Бино ба гуфтаи таҳлилгарон аввалин чизеро, ки дар пайи қимат шудани маводи сӯхти ҳавопаймоҳо метавон интизор дошт, болоравии қиммати билети ҳавопаймо хоҳад буд.

Масъулини ширкатҳо мегӯянд, моил ба чунин коре нестанд, аммо ба зиёни худ ҳам наметавонанд амал кунанд ва ин бозор аст, ки нархи билетро низ муайян хоҳад кард. Вале масъалае, ки акнун матраҳ аст, ин аст, ки чӣ бояд кард, ки аз болоравии қиммати бензин ва ба дунболи он қиммати арзиши ҳамлу нақл ва коло ҷилавгирӣ кард?

Чун Русия ба дархости чандинбораи Тоҷикистон роҷеъ ба лағви боҷи воридотӣ посухи радд дода ва ё аслан онро сарфи назар кардааст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, акнун коре, ки барои Тоҷикистон боқӣ мондааст, ба сурати муваққат лағв намудани аксизи бензин ва молиёти дигар аз воридоти он аст, то аз болоравии қиматҳо дар бозори дохилӣ то ҳадде ҷилавгирӣ шавад.

"ДАВЛАТ БОЯД АКСИЗУ МОЛИЯТРО БАРДОРАД"

Сайидумар Ҳусайнӣ
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намяондагони Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд: "Вақте ҳукумат пешрафти ватан ва иқтисодиёти худро мехоҳад, бояд аз он аксизу молиёту ҳаққи худ дар чунин ҳолате бигузарад. Аз сӯйи дигар бояд ба мардум бифаҳмонад, ки вазъи ҳақиқӣ чӣ аст ва чаро чунин ҳолате ба миён омадааст. Мардум дар он ҳолат мефаҳмад ва мушкилро пушти сар мекунад, вале агар ба мардум ҳақиқат гуфта нашавад, мардум фикр мекунад, ки ҳамаи мушкилот аз худи ҳамин ҳукумат аст, на аз хориҷ."

Русия аз моҳи майи соли гузашта барои содироти нафт ба Тоҷикистон боҷи содиротӣ ҷорӣ намуд. Дар ҳоле, ки аз соли 1995 то соли 2010 Тоҷикистон бар асоси таруфаҳои имтиёзӣ маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекард.

МУШКИЛЕ, КИ РУСИЯ ЭҶОД КАРД?

Дар тобистони соли гузашта сарвазири Тоҷикистон тибқи номае аз ҳамтои русии худ Владимир Путин хост, ки боҷи содиротиро барои Тоҷикистон лағв кунад. Аммо ин таруфаҳо лағв нашуд. Русия ҳоло барои кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ ва инчунин барои Қирғизистон маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ мефурӯшад.

Дар ҳоли ҳозир ширкати «Газпромнефт»-и Русия воридкунандаи аслии бензин ба Тоҷикистон аст ва бино ба омори расмӣ, 92 дарсади бозори маҳсулоти нафтиро таҳти инҳисори худ дорад.

РОҲИ РАҲОӢ: ИТТИҲОДИЯИ ГУМРУКӢ?

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, як роҳи дигари ҳалли масъала, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ аст. Иттиҳодияи иборат аз Русия, Белорус ва Қазоқистон. Аммо Русия ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, дар ҳоли ҳозир моил ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия низ нест.

Ҳоло Тоҷикистон барои ҳар тонна бензини Русия 408 долар боҷи содиротӣ медиҳад. Ин қиммат ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз аввали моҳи июн имкон дорад то 680 доллар боло биравад.

Таҳлилгарон мегӯянд, танҳо корти имтиёзе, ки дар дасти мақомоти Тоҷикистон боқӣ мемонад, тан додан ба ҳама хостаҳои Русия, бозгашти марзбонони он ба марзҳои Тоҷикистон, ба ихтиёри Русия додани фурудгоҳи низомии Айнӣ ва сохтмони Роғун аст.

Вале он гоҳ раҳбарияти Тоҷикистон, ки чанд соли охир ба ҳамин шиорҳо пуштибонии умумиро касб карда буд, дар дохили кишвар эътибори худро аз даст хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG