Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Исландия фурудгоҳи аслии байналмиллалии худро баст. Яке аз вулканҳои фаъол дар қаламрави ин кишвар дубора ба хурӯш омадааст ва аз он дар доираи 20 километр ба ҳаво дуду гард баланд мешавад. Мақомот мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд фурудгоҳҳои дигари ин кишвар низ баста хоҳанд шуд. Ҳёрдис Гудмундсдоттир-сухангӯи фурудгоҳ гуфтааст. Гард ҷазираро фаро гирифтааст, вале эҳтимоли он намеравад, ки ба самти Аврупо ҳаракат кунад. Ин вулкан бо номи Гримсвотн соли 2004 боз шуда буд. Моҳи апрели соли 2010 аз вулкани Эйҷафҷаллаҷокулл чанд ҳафта фазо гардолуд шуд ва парвози ҳавопаймоҳоро дар Аврупо мамнуъ эълон карданд.
XS
SM
MD
LG