Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи билети ҳавопаймоҳо боз боло меравад?


Масъулини корхонаи таъминкунадаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо маводи сӯхт мегӯянд, ширкатҳои ҳавопаймоиро аз боло рафтани нархи сӯхт огоҳ кардаанд. Маъмурияти ширкати сӯхтгирии ҳавопаймоҳои Тоҷикистон бо ирсоли номае ҳамаи ширкатҳоро огоҳ кардааст, ки аз даҳуми июни соли ҷорӣ ҳар тонна керосин дар Тоҷикистон 1 ҳазору 700 доллар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯхта хоҳад шуд. Ба думболи он болоравии қимати билети ҳавопаймо низ ногузир хоҳад буд. Акнун бархе аз таҳлилгарон мегӯяд, танҳо роҳе, ки барои ҷилавгирӣ аз болоравии қиматҳо боқӣ мондааст, лағв шудани боҷӣ гумрукӣ ва андози изофа аз воридоти бензин аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG