Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкории театри уйғурии Алмаато бо тоҷикон


1-ӯми июн дар шаҳри Қазон даҳумин ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои туркзабон баргузор мешавад. Театри уйғурҳои Қазоқистон дар Алмаато дар ин ҷашнвора намоишномаи “Ишқу хирад ва марги Дарвеш”-и Темур Зулфиқоров-нависандаи машҳури тоҷикро ба намоиш хоҳад гузошт. Ин ҷашнвора зери номи “Наврӯз” баргузор мешавад. Театри уйғурии Алмаато коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқовро даъват кардааст, ки ин намоишномаро таҳия ва рӯи саҳна орад. Дар хабарҳо омадааст, ки ҳамкории Барзу метавонад бо театри уйғурӣ идома ёбад.
XS
SM
MD
LG