Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ашқобод анҷумани туркманҳои ҷаҳон баргузор шуд


Дар Ашқобод-пойтахти Туркманистон 20-ӯмин солгарди ташкили Анҷумани туркманҳои ҷаҳонро баргузор карданд. Хабаргузориҳо аз қавли дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Туркманистон навиштаанд, ки барои ширкат дар ин ҳамоиш туркманҳои кишварҳои хориҷӣ ташриф овардаанд. Дар ин анҷуман донишмандон, шахсиятҳои фарҳангиву ҳунарӣ ва намояндагони созмонҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ узвият доранд. Дар анҷуман намояндагони туркманҳо аз Афғонистону Тоҷикистон, Имороти Муттаҳидаи Арабу Узбакистон ва Қазоқистон суханронӣ кардаанд. Туркманҳои Афғонистону Эрон рақсу таронаҳои худро ба ҳуззор пешкаш кардаанд.
XS
SM
MD
LG