Пайвандҳои дастрасӣ

Британия аз Лагарде барои мақоми раиси СБП ҷонибдорӣ кард


Кристина Лагарде

Кристина Лагарде

Британия ба таври расмӣ ҳимояти худро аз номзадии хонум Кристина Лагарде-вазири молияи Фаронса ба мақоми раҳбари ояндаи Сандуқи Байналмиллалии Пул (IMF ) изҳор дошт. Сандуқи Байналмиллалии Пул баъд аз боздошт ва истеъфои Доминик Страус Кан дар ҳафтаи гузашта ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ мехоҳад дар ин мақом номзади муносибе пайдо кунад. Дар як изҳороти хаттӣ Ҷеорҷ Осборне-раҳбари умури молии ҳукумати Британия Кристина Лагардеро “беҳтарин номзад” арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG