Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нетаняҳу ихтилофоти миёни Амрикову Исроилро рад кард


Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил инкор кард, ки байни ҳукумати вай ва давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бӯҳроне вуҷуд надорад. Нетаняҳу афзуд тафовути ақида миёни ҳукумати вай ва давлати Обама вуҷуд дорад, мисли ин ки миёни ду дӯст тафовути ақида вуҷуд дошта метавонад. Баъд аз мулоқоти рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафеди Вошингтон бо Барак Обама Нетаняҳу даъвати Обамаро дар ин бора, ки Исроил музокироти худро дар бораи ташкили давлати Фаластин бояд бо назардошти қаламравҳои Фаластин то ҷанги арабҳову Исроил дар соли 1967 анҷом диҳад рад кард.
XS
SM
MD
LG