Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз тазоҳуркунандгони зиддиҳукуматӣ дар Тифлис-пойтахти Гурҷистон ба таври хушунатбор ба мошине, ки дар дохили он одамон нишаста буданд, ҳамла бурданд ва полис маҷбур шуд ба он дахолат кунад. Як рӯз пеш аз ин ҳодиса ҳазорон нафар аз мухолифони давлат ба нишонаи эътироз ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва истеъфои Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳурро тақозо карданд. Тазоҳуроти рӯзи шанбе яке аз бузургтарин тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ аз соли 2009 мебошад. Бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе ҳамчунин дар шаҳри соҳилии Батумӣ садҳо нафар бар зидди ҳукумат ба эътироз баромаданд. Раҳбарони мухолифон мегӯянд, дар давоми чанд рӯзи эътирозҳо садҳо нафар фаъолон боздошт шудаанд. Мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Саакашвилӣ соли 2013 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG