Пайвандҳои дастрасӣ

Муин боз дар Тоҷикистон


Муин, ҳангоми овозхонӣ дар консерти нахустини худ дар Душанбе, моҳи июни соли 2009

Муин, ҳангоми овозхонӣ дар консерти нахустини худ дар Душанбе, моҳи июни соли 2009

Шоми рӯзи якшанбе, 22-юми май, дар пойтахти Тоҷикистон консерти нави овозхони маҳбуби эронӣ, Муин, баргузор шуд.

Марҳабо Азизова, масъули барномаи консертии Муин гуфтааст, ин барномаи консертии Муинро ширкати мобилии "Tcell"-и Тоҷикистон сарпарастӣ мекунад.

Ду сол қабл аз ин, дар ҳамин шабу рӯз Муин нахустин консерти худро дар якҷоягӣ бо овозхони тоҷик, Фарзонаи Хуршед, ки ҳоло дар зиндон аст, дар “Кохи Борбад” баргузор карда буд.
Соли 1982 баъд аз сурудани таронаи аввалинаш “Якеро дӯст медорам” аз Эрон ба шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико ҳиҷрат мекунад.


Муин аз ҷумлаи овозхонони саршиноси эрониест, ки дар миёни форсизабонони ҷаҳон аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст.

Дӯстдорони ин овозхони шинохта мегӯянд, ҳанӯз дар авохири солҳои 80-ум ва авоили 90-уми қарни гузашта фиттаҳои сабти овози Муин аз Дубай ва Амрико ба Тоҷикистон оварда шуда, дар ду студияи сабти овози он давр нусхабардорӣ ва фурӯхта мешуд.

Муин дар консерти соли 2009 бо ҳамроҳии Фарзонаи Хуршед овозхонӣ карда буд...

Ҳанӯз он солҳо тарафдорони таронаҳои Муин фиттаҳояшро бо нархи қиммат харидорӣ мекарданд. Бо гузашти солҳо маҳбубияти Муин дар Тоҷикистон бештар шуд ва ҳоло сабтҳои ин хонандаро роҳат метавон дар дӯконҳои фиттафурӯшиии Тоҷикистон пайдо кард.

Тайи даҳ соли ахир чандин овозхони тоҷик бо тақлид аз оҳангҳои Муин рӯи саҳна омадаанд. Яке аз ин овозхонҳо, ки марҳум Сӯҳроби Сафарзода, ки гоҳо ӯро “Муини тоҷик” низ меноманд.

Марҳум Cӯҳроби Сафарзодро гоҳо "Муини тоҷик" меноманд
Ҳарчанд худи Муин дар сӯҳбати ду соли пешаш бо хабарнигорони тоҷик гуфта буд, аз он ки оҳангҳояшро дар Тоҷикистон пайравӣ мекунанд шод аст, вале боз ҳам афзуд, тақлид набояд доимӣ бошад.

Муин дар Исфаҳони Эрон ба дунё омада, ҳанӯз аз 17-солагӣ ба навохтани созҳои мусиқӣ пардохтааст. Соли 1982 баъд аз сурудани таронаи аввалинаш “Якеро дӯст медорам” аз Эрон ба шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико ҳиҷрат мекунад.



Соли 1983 нахустин албоми таронаҳояш бо номи “Мепарастам” ба бозор мебарояд. Муин ҳудуди сӣ сол аст, ки дар Амрико ба сар мебарад ва ин аст, ки дар албомҳояш аксаран Муин аз ғарибӣ ва дурӣ аз ватан мегӯяд.

Ин овозхони маҳбуби эронӣ ду бор издивоҷ кардааст ва ду фарзанд дорад - Ситора ва Паричеҳр.

Муин, Душанбе, соли 2009

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG