Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушторҳо дар шаҳрҳои шимолии Ироқ


Дар вилояти Киркук воқеъ дар шимолии Ироқ дастикам 5 нафар дар ҳамлаҳои алоҳида кушта шудаанд. Полис мегӯяд, дар инфиҷори бами роҳ, ки барои низомиёни Ироқ дар шаҳри Киркук гузошта буданд, 2 нафар кушта, 2 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодисаи дигар низ дар шаҳри Киркук рух додааст. Афроди мусаллаҳ ба хонаи яке аз кормандони полис ҳамла бурдаанд ва ин корманди полисро бо бародараш ба қатл расондаанд. Дар шаҳри Мосул 2 корманди полис дар инфиҷори бам ҷон додаанд ва 8 афсари дигари полис захмӣ шудаанд. Дар ҳамин рӯзҳо дар як бамгузорӣ дар назди бинои полис дар Киркук 29 нафар ба қатл расиданд, ки аксари онҳо кормандони полис буданд.
XS
SM
MD
LG