Пайвандҳои дастрасӣ

БРБА ба саҳмиядорони Ховари Миёна кӯмак мекунад


Томаш Миров ва Нурсултон Назарбоев дар Остона

Томаш Миров ва Нурсултон Назарбоев дар Остона

Рӯзи дуввуми мулоқоти солонаи Бонки Рушду Бозсозии Аврупо дар Остона-пойтахти Қазоқистон идома дорад. Дар оғози рӯзи дуввуми кори худ ин бонк эълон кард, ки амалиёти молии худро дар кишварҳои шимоли Африқо ва Ховари Миёна густариш медиҳад. Ин бонк дар эъломияе гуфтааст, саҳмиядорон дар ин манотиқ ба комёбӣ ноил шудаанд ва он заминаи чунин тасмимро фароҳам сохтааст. Томаш Миров-раиси бонк гуфтааст, ки саранҷом онҳо дар кишварҳои шимоли Африқо ва Ховари Миёна 2,5 миллиард евро баробар бо 3,4 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG