Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзеъгирии Русия нисбат ба сипари мушакӣ нармтар мешавад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Имрӯз Русия гуфт, ки омода аст эътирози худро бар зидди сипари дифои мушакии Амрико дар Аврупо аз миён бардорад, агар аз Амрико замонати расмии амният дарёфт кунад. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Олмон ва Полша гуфт, музокирот бо Амрико ва НАТО дар ин бора идома дорад, вале ба кундӣ пеш меравад. Лавров афзуд, Маскав хостааст, дар номаи хаттӣ навишта шавад, ки сипари дифои зидди мушакӣ дар Аврупо бар зидди ҳеҷ як аз кишварҳои узви паймони НАТО, Русия ё кишварҳои дигари Аврупо нигаронида нашудааст. Русия нигарон аст, ки мумкин аст ин мушакҳо замоне хоки онро ҳадаф қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG