Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасадҳо аз Маскав ба Тоҷикистон оварда шуданд


Ҷасади 5 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сӯхтори бинои кӯҳнае дар Маскав ба ҳалокат расида буданд ба Тоҷикистон оварда шуд. Бино ба хабари сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, ҷасади Алихон Саиднаимов ва Наимшо Саиднаимов-сокинони ноҳияи Шуғнон ва ҷасади Исҳоқ Раҷабов ба Душанбе ва ҷасадҳои Қурбонбой Аҳмадов ва Қаҳрамон Мараҷабов ба Хуҷанд бо ҳавопаймо интиқол ёфтаанд. Тамоми масорифи роҳро сафоратхонаи Тоҷикистон пардохтааст. Дар сӯхтори бинои кӯҳнае дар Маскав 7 нафар кушта шуда буданд, ки 6 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
XS
SM
MD
LG