Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 кушта дар инфиҷори мошини ҳомили сӯхт дар Хайбар


Аз Покистон гузориш расид, ки дар сӯтори мошини ҳомили маводи сӯхт дастикам 15 нафар кушта шудаанд. Ин мошин барои нируҳои НАТО дар Афғонистон сӯзишворӣ интиқол медодааст. Мақомот ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки ин мошин дар инфиҷори бами роҳ осеб дидааст ва сӯхт ба берун рехтааст. Сокинони маҳал барои ҷамъоварии сӯхти рехтаистода назди мошин омадаанд ва дар ҳамин асно садои инфиҷори дуввум баланд шудааст. Ин ҳодиса дар дар наздикии Ландикутал дар минтақаи қабиланишини Хайбар рух додааст.
XS
SM
MD
LG